Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳам мурдаи шаҳиду аламангези писарро бо дасти адаб ба хок супоридан вазифаи муқаддаси Ҳоҷӣ ба шумор мерафт.
Зеро Худованд дар ду маврид ба тамошои маросими бандагонаш мебаромадааст: оне ки падар фарзандро ба хок супорад ва гоҳе ки ду навхонаи бикру бокира бори нахуст ба ҳамдигар расанд, ки пеш аз ин дасташон ба дасти номаҳраме нарасида бошад.
Ҳоҷӣ сияҳпўш: сиёҳҷома пўшида, бо фўтаи кабуд миён баста, тоқии чоргули сиёҳ бар сар, даст бар камарбанд, паҳлўи дарвозаи ба сад умед сохта сари по истех меистад. Ҳар кӣ ба дилдориву таъзия ояд, аввал назди Ҳоҷӣ меравад, баъд ба қўшхона ва ё хонаҳои дигар, ки барои ҳанозахони ҳар деҳа ва шаҳре муайян кардаанд. «Кушандаҳоро кӣ мекушта бошад?» аз дил мегузаронад падар ва пеши назараш писари шаҳид меояд, ки дилашро реш мегардонад. Падар кинахоҳ ва бадбин набувад, аммо чун беадолатӣ шавад ё бепадарӣ кунанд, месўзад. На танҳо дилаш, худаш, вуҷудаш месўзад. Ва ҳавола ба боло мекунад, ки ҷуз Худо касе аз чунинон қасос ситонида наметавонад. Ў қасосгир ҳам нест; бадонро ҳам бад карданӣ нест. Агар чунин буд, ба ҳама мардони дигар монанд мешуд. Ҳамин ки ба «чуну чаро»-и хеш посух гирифта наметавонад, гоҳ-гоҳ мехоҳад, ки боз худаш лаҷоми ин бенўхтаҳоро кашад. Ба дур менигарад, ба ҳамон дуриҳое, ки домони уфуқ ба рўйи водии Зарафшон ва ё паси кўҳҳо мечаспад. Ин уфуқи фиребо ба ин қабил нодидаҳои силоҳбадаст ҳамин қадар нишон медиҳад Оламро, ин Замини беканораро. Ва онҳо гумон мекунанд, ки бадастафтодаҳо ҷойи гурез надоранд, ҳар қадар ки раванд, дасти дарозашон мерасад ба қабза карда гирифтан ва ё тир задан.
Ёдаш меояд аз пешбанди чармӣ алам бардоштани Коваи Оҳангар. Ў ҳам метавонад метини дусараи геологиро бар фарқи сари оне занад, ки писарашро ба чунин ҳол овард. Аммо бо ҳамин кор анҷом намепазирад. Боз писарони дигар дорад, қасду қасос зиёд мешавад. Аммо як умеди дигар ҳаст: замона дигар гаштааст. Сулҳу салоҳ ва оштӣ пойдор шуд. Ҳукумат ва сарвари мамлакат беҳдошти халқу миллатро мехоҳад. Ресмони ў дароз афканда... Оҳиста-оҳиста хоҳад кашид. Касе ба роҳзанҳо ҳуқуқи куш надодааст.
Гўристони манзили нав чандон шакл нагирифтааст. Бармола, ки хасбеда мерўяд ва ҳар гоҳ касе даравида мегирад. Ҳолиё ин ёна бузи навтарошидаро мемонад. Ажриқҳои ба дос наомада пойафзори шаҳриёни нобаладро мелағзонад. Дар кунҷи шимолу шарқии он се-чаҳор гўри нав метобад, ки яке аз онҳо гўри бародари Ҳоҷӣ Абдуҳамид буда, дар паҳлўи он қабри Абдуҳалимро низ кандаанд. Аҳли қубур ҳам чандон бузургмартаба набудаанд, ки рўйи гўрашон тахтасангҳои мармарӣ ё гунбади минўйӣ надорад.
Оддӣ ва аллакай бо замин ҳамвору яксон метобанд. Ва Ҳоҷиро аз ду паҳлў дошта мебаранд, то лағзида ва ё аз бемадорӣ калавида наафтад.

пешина
аз 378
навбатӣ