Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ одами қадим ва пешқадами имрўза; аз ҳама чиз огоҳ, ба ҳамагон ҳампо. Одоб, оин, расму русуми кўҳнаро хуб медонад ва ҳамчу касони замони нав рафтор мекунад. Одинаи бахил ҳамин чизро намефаҳмад ва мехоҳад, ки ҳар пойгузориву қадаммонии ўро шикоят нависад. Вале ҳоҷӣ атои бадонро ба лиқояшон бахшидааст.
Ў хун мегиряд дарун-дарун, аммо аз паси мурда гиристанро нораво медонад ва пайвандонро намегузорад, ки бигирянд. «Хости Худоро зид набошед» мегўяд. Аз ин рў ба ҷойи гиряву нола дар маъракаҳои хонадони ҳоҷӣ хидмат ва иззату икром хубтар мешавад.


— Чида гап намезанӣ бо акат, сағра?
— Шумо гап занед, командир. Ман чӣ гуфтанро намедонам.
— Як милён доллар биёру мара бубар, гуфта наметонӣ?
— Ин хел гуфта метонам, лекин куҷо биёрад, ба кӣ...
— Милёнша бигу, дигарша мо мегуем... Ина...
— Ало, Халил... Як милён...
Ва командир гўшакро аз дасти асир зада гирифт, то давоми сухани бародарро шунавад. Аз он ҷониб танҳо «ало...ало!» меомад. Ба ростӣ, Ҳаким сарфаҳм нарафт, ки овоз овози Халил буд ё ҳамааш сохтакорист? Зеро командир намегузорад, ақаллан онҳо салому алейк кунанд.
«Ҳм... Гапи бисёр – хара бор! Якта биёру додарта бубар...»
Хомўш кард телефонро. Аммо Ҳаким бастачашм диққат медиҳад, ки командир боз чӣ мефармояд.
Ҳаким гуфтанӣ буд ба командир, ки «Куҷо биёрад, киро биёрад?» Аммо хомўш монд, зеро командир қасдан риштаи суханро канд, то ў луқма диҳад ва ин заъифовоз боз ўро лат кунад.
Кўдак метобад командир аз садояш. Зеро ҳоло дар Тоҷикистон ҳамин хел баччаҳои норасидаи ҷангу роҳзанӣ ва ғоратгариву каллабуриро аз филмҳои телевизионӣ омўхта худро соҳиби мулк мешуморанд ва дар ҳар дара дастае пайдо гашта, ба ном қаҳрамонӣ, дар асл рўсиёҳӣ мекунанд.
Садои командир Ҳакимро ҳушдор гардонд:
— Ба кӣ? Ба куҷо?... Ина, ҳамин ҷо меорӣ, мара...
Ҳаким ҳарчанд дар зери чашмбанди то гардан омада, нафасгардон ва бодиққат идомаи сухани ўро гўш дод, командирро дигар садо набаромад.
«Масхара мекунад. Мақсад пул бошад, рўйирост мегўяд. Командир бозӣ дорад...»

пешина
аз 378
навбатӣ