Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷойи ин ҳама садои пўшида шудани дар баромад. Хомўши хомўш шуд. Равшании паси чашмбанд ҳам сиёҳ гашт. Вале садои қуфл набаромад. Аз ин рў Ҳаким ҳаракате накарда, чунон ки росто қарор дошт, ором истод ва паст-паст нафас кашида, диққат медод, ки садои шиқир-шиқири қуфл меояд ё на. Гумонаш онҳо қасдан дарро пўшиданду даруни дар истодаанд, то бинанд, ки асир чӣ нағмаҳо мекунад. Ў чашмбанд нагирифта як зайл рост истода гўш ба садо медод. Дер истод. Садо наомад. Баъд даст ёзида ҳаворо даст-даст карда пояи симкатро ёфт. То садои кати шалақ набарояд, оҳиста нишаст: кўрона.
Берун як мағал шуд. Садои ав-ави саг ҳам баромад. Садои як тир ҳама ҷоро хомўш гардонд. Ҳаким надонист, ки ин ҳама сохтакорист ва ё командир ҳама қаҳру ғазабро аз саг гирифт.
Асир таваккул карда, андаке чашмбандро бо нўки ангушт боло бардошт ва ҳамон торикиву як сўрохаки пурбинаш афтидаи дарро дид. Аз он чашми дар ҳамон ресмони нури пурчанг менамуд. Маълум, ки дар ин муддат чашми офтоб ба он сўрохӣ рост омадааст. Тири нур қариб ба кати кўрпаву рўкашаш ифлос мерасад. Чашмбандро аз сару рўй бадар кард. Касеро надида ва қасдан ба обу хўрок эътиборе надода, хеле хаставу лоғар аз вазъу андешаҳои парешон рўйболо ёзид. Чизе гуп-гуп меларзонд симкати ўро ва ҳайрон монд, ки шояд яке аз онҳо худро зери ҷогаҳи ў ҷой карда бошад. Ковок шуд, он садо наомад. Боз дароз кашид, омад. Баъд дарёфт, ки садои тапиши дили худаш аст.
Даст ёзида, ҳалқаи занҷири поро дошт ва молиш дод, ки оҳани сард ҳам тафсидааст ва ғаши касро меорад. Паст фуроварданӣ шуд. Аммо хотираш, ки ҷамъ набуд, бори дигар хонаи торикро аз назар гузаронд ва хам шуда зери катро низ аз назар гузаронд; бо палмосидану даст-даст кардан. Эҳтиёткорие, ки ҳоло мекард, дар умраш накардааст. Боз рост шуда, нишаст ва ҳоҷӣ – падари орому хомўш ва модари заҳматкашаш ба ёд омад, ки чунин кирдорро шунаванд, чӣ ҳол рух диҳад. Онҳо ҳам дар зиндагии паси ағба телевизор тамошо мекунанд, гирўдорҳоро мебинанд; куштору сўхторҳои беҳударо медонанд; аз нооромии замона низ андеша мекунанд ва агар аз қисмату ҳоли писар огоҳ гарданд...
Якбора дар кушода шуд ва ў чашмбанди паси сар бурдаро ба рўй кашид ва қарор истод.
Садои пеш омадани пой шунида мешуд, аммо намедонист, ки садои пойи кист.
«Ту палакат, чида шурво намехрӣ?»
Асир посух надод ва диққат дод, то боз чӣ гўяд. Зеро аз лафзаш кӣ ва куҷойӣ будани ўро муайян кардан осон набуд. Ё қатаған аст, ё сохта сухан мегўяд.
«Гушна монад, мехўрад...»

пешина
аз 378
навбатӣ