Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Тақрибан аз дами дар омад садои ҳалқӣ ва шиноси командир.
Асир лаб ба сухан кушода «мехурам» гуфтанӣ буд, ки боз садо омад:
«Акаш меояд... мехуронад!»
Ҳаким нафаҳмид, ки чунин ҳарф чӣ маънӣ дорад ва чаро командир якбора аз омадани бародар дарак дод. Ҳамчун касони ҷабрдидаи сабукандеш валвала накард ва дар бораи омадану наомадани бародар чизе напурсид, балки як қарор истод. Ва чунин рафтори ў ғаши командирро афзуд, аммо сухани «акаш меояд»- аш ўро аз ҳар гуна танбеҳ ва лату зарб даст бозмедошт, то дурўғ будани ҳарфаш ифшо нагардад.
«Қорӣ, биё бирем, акаш омада ҳамаашро ҳал мекунад.»
Ҳаким яқин кард, ки командир ё сода аст ва ё аз ҳадд зиёд муғамбир. Зеро асирро кўдак пиндошта, содаву лода ҳарф мезанад. Аммо «қорӣ» гуфта муроҷиат карданаш асирро водор кард, то биандешад, ки онҳо кистанд. Худ ба худ андешид, ки ҳама найранганд. Зеро агар қории қуръонхон бошад, набояд чунин рафтор кунад. Асир боз қории ёвонии сурўдхонро медонад, ки чун ў чашмбаста аст, касеро намебинад ва яқин чунин кас ба ин хел зишткорӣ ҷуръат надорад. «Номаш Қорӣ будагист?» Ба ҳар ҳол муаммост.
Вале дар ҳолате ки чизе равшан нест ва онҳо асирро ё масхара мекунанд ва ё муроди дигаре доранд; шояд ба даст овардани Халил бошад, лаҳза ба лаҳза ин дуздонро фаромўш карда, қисмати Граф Монтокристои зиндонӣ ёдаш меояд, ки ҳам китобашро хонда ва ҳам филмашро дидааст. Шояд аз ин рў бошад, ки ҳушаш ба кадом тараф рафта, ба пурси командир посух нагўяд. Вагарна бо ин силоҳбадастон шўхӣ карда намешавад: як балоро сад бало мекунанд.
Баъди хомўшии зиёд садои ғириччоси дар баромад ва овози қуфл заданаш ҳам омад. Торики торик шуд хона. Ў боз чашмбанд бадар овард. Деги дугўшаи сарпўшро андаке пеш кашида, сарпўш гирифт ва наздики нури уребгашта дошта, базўр дунбаҳои майдарезаро дид, ки рўи об шино мекарданд. Даму бўйи шўрбо ба димоғаш зад. Иштиҳо кушода шуд. Нон тар карда хўрданиаш омад. Аммо якбора андешаи дигар ба сараш зад, ки дунбаи гармро гирифта ба пой молид. Ба ҳалқаи ишкел молид. Ва ҳалқаро паст пахш карда аз пой бароварданӣ шуд. Лати дўшинаи пояш дард ёфт. Вале бо осонӣ ҳалқа аз ошиқи пой хамид. Ва боз дар монд миёни буҷулак ва пошнаи пой. Пайдост, ки харобу лоғар шудааст. Гўшти равғанӣ низ будааст. Ҷудо кард равғанашро ва ба пошнаи пой соиду молид. Аммо ба сад зўр задан ҳалқа набаромад. Сонӣ зўр зада пошна ба банди пой росту ҳамвор карданӣ шуд. Ҳалқаро чапу рост гардонида зўр зад. Нашуд. Андаке монда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо