Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Куҷои пояш халал мерасонад, тарошидан лозим меояд. Ў дар чунин ҳолу аҳвол розӣ буд, ки гўшти зиёдатии ҷойи халалгорро бурида ҳалқа аз пой барорад. Аз ин зиндони тори сахтдевор раҳо ёфта натавонад ҳам, бояд пой аз асорат озод кунад.
Боз равған молид. Дасту пояш равғанӣ шуд. Пой ба қолаб оварда зўр зад ва ҳалқа аз пой лағзонда баровард. Нафаси озод кашид: ҳам аз он ки пояш озод шуд ва ҳам аз он ки хеле монда шуда арақшор гашта буд. Вале зуд барнахост, ки ҳаловати гуворо дар вуҷудаш пайдо гашт. Кай боз чунин кайфро пай набурда буд. Чашми дилаш рўшан гашт; хонаро низ рўшантар дид. Бо як фараҳи шодиёна як пой дар кавш ва пойи дигар бараҳна гўё лангида-лангида ҷониби нуре рафт, ки аз равзана олами рўшанро дидан мехост. Дар дунёи офтобиву рўшаниву озод гашта, ҳеҷ гоҳ ин қадар пазмон нашуда буд фазои кушодро. Чашми ў ҳамон ҳалқаи ангуштарии нурро баст ва хона чунон торик буд, ки паси сари ў дўзахро мемонд ва берун биҳишт буд.
Берун рўшан. Ҳавояш низ дигар. Ва кўҳу теппа пешро гирифтааст. Хам шуда аз поёни сўрохӣ ба боло нигарӣ, уфуқу як карчи осмон метобад. Ҳамон қадар замину теппа менамуд, ки нури аз ҳалқа даромада рўйи хонаро равшан мекард ва оҳиста-оҳиста аз самти ғарбӣ ба самти шарқӣ мелағзид. Ў дар Шаҳри Тус надидааст чунин кўҳу манзараро. Ў каҷ гашта, то ҷое ки чашмаш мерасид, дид. Ҷуз теппаҳои пасту баланд, ягон-ягон дарахти дўлона ва баъзан буттаҳои паст, хасалафҳои аллакай хушкида ва хоки сиёҳ чизи дигар наменамуд. «Граф ҳам надидааст чунин ҷою манзараро». Боз хаёлаш ба сабру тоқат, бардошти Граф Монтокристои донову хирадманд ва файласуфи асир рафт, ки илоҷи раҳоиро аз зиндон меандешид.
«Ин ҷо куҷо бошад?»
Хуб хаму рост ва каҷу килеб шуда нигарист, аммо чизеро муайян карда натавонист аз равзана. Ҳамин қадар, ки дари оҳанини аз гармии офтоб тафсида беқарор кард ўро. Пас гашта баъди рўшанӣ чашмаш намегузашт, то чизеро дар ин хона бинаду фарқ кунад. Миҷа таҳ кард, то ба торикӣ одат кунад чашмаш. Заррачаҳои сурх ва хол-холаки аз чашми офтоб боқимонда зери сарпўши дида ҳаракат доштанд ва як шаби бемаҳтоби ситоразорро мемонд даруни чашм.
Оҳиста-оҳиста чашм кушод. Ҳама ҷойи хонаро дидаву надида аз назар гузаронд. Дар як гўшаи шифт чашми сўзан барин сўрохие аён гашт. Андак, ки ҷунбид, нопадид шуд. Хуб зеҳн монд ба он равзанаи умед, вале айни замон фиребо. Чашмаш одат кард ба он нуқта ва дарёфт, ки дарбеҳ менамояд. Наздиктар рафта зеҳн монду зеҳн монд, чун дигар ҷойҳо гаҷ на, балки лойандова метобад. Ҳамон нури чашми сўзан дар дилаш ҷой шуд ва равшанӣ зиёд гардид.

пешина
аз 378
навбатӣ