Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳар чӣ дар рўйи кат буд, оҳиста ба фарш лағзонда, навъе карда симкатро ба танаи девор рост кард ва болойи он баромад. Даст ёзид, ки нўги панҷа ба он ҷо расид ва дар пояи кати ростмонда ба нўги панҷаи пой истода, дурусттар даст расонд ба он дарбеҳ ва донист, ки лой задаанд. Тела дод ва ҷунбидани девори лойиро пай бурд ва саросема худро аз он ҷо ба замин андохта, осема кати вазнинро чун ба ҷояш монда кўрпаашро партофт, худаш намедонад. Хаёле ба гўшаш расид, ки аз куҷое садое омад. Аммо чӣ садо буданашро муайян накард. Аз нав зери обу арақ монда ҳалқаи занҷир ба пойи асирӣ андохтанӣ шуд, ки аз осемасарӣ ҷо ба ҷо намешуд. Як пора дунбаи аз эҳтиёт даруни шўрбо мондаро гирифта ба пой молид. На ҳалқаро ба пой мекашид, балки ҳалқаро бо ду даст дошта пой бар он тира кард, ки осонтар намуд ба пой кашидани он аз бароварданаш. Ҷуробро ҳам пўшид. Вале кафшро напўшида ва чашмбандро ба сар накашида гўш ба берун дод асири занҷирбанд.
Як кас намерасад дар паҳлўи ў, ки чун марди донишманд бо Граф сўҳбат кунад ва роҳи раҳойӣ намояд. Аз ҳама бештар чунин андеша ба сари ў меояд ва роҳи халосӣ меҷўяд. Боз ба хаёл рафт, ки бо тоҷик чунин кор намешавад; яке гурехтанӣ шавад, дигаре аз пояш медорад. Тоҷик ҳама умр бояд танҳо бошад ва кори кардаашро ҳамхонааш надонад.
Ҳаким ҳоло чунин хулоса кард, ки худаш донаду Худо. Аз ин рў рўйи кат дароз кашид. Кафши пойи дигарро низ бадар оварда, рўболо ёзид ва чашм сўйи дар медошт, ки бояд боз гардад. Аммо дараке нашуд аз соҳиби садо. Ў андешид, ки гўшаш ҷеғ задааст.
Пас рўболо як чашм ба дар ва чашми дигар ба лойдарбеҳи шифт нигарони омадани золимон хешро асири бегуноҳ дониста ба фикру хаёл рафт. Фикраш сайр мекард тамоми ҷойҳои дидаашро ва пеши назар меовард ҳар шиносро, ки аз дасти кӣ меояд ёрӣ додан. Бародарони дар шаҳр буда пеши назараш меояд. Ва Ҳоҷӣ шунида бошанд...
Ў андешаи раҳойӣ дорад, аммо азоби падару модарро пеши назар меорад. Агар илоҷе пайдо мегашт, ба Халил мегуфт, ки падар нафаҳманд.
Офтоб майли фурў рафтан дорад, ки фазои хона тиратар мегашт. Лек аз онҳо дараке нест. Шояд ба шикоргоҳи дигар рафта бошанд. Чароғ ҳам надорад ин хона. Агар ҳоло оянд, дар торикӣ истинтоқашон лағатӣ мешавад.
Мошини ажғо-ажғо, лату зарбхўрдаи Зокир сўйи теппаи
Самарқандак мерафт ларзон; садои баланд бароварда ва дуд
карда. Онҳо махсус ҳамин мошинро интихоб карда буданд, то дастаҳои ғоратгар хуш карда, зўран кашида нагиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо