Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хомўш мерафтанд, аммо Халил нисбатан ҳушёртар ва осудатар аст аз он, ки сўйи мурдахона мерафт. Ошнои Эшон Саидбеки кофарниҳонӣ, ки ҳамаи дузду ғоратгар ва дастаҳои дар ҷанги худӣ ном баровардаи командирон ва дастаҳоро медонист, дар пеш нишаста буд, то дар роҳ чандон азоб накашанд. Вале то ба назди Раҳмон Гитлер рафтан касро аз чашми сўзан мегузарониданд.
Ҳоҷати шарҳу баён набувад, ки чаро ба номи ў лақаби «Гитлер»
часпонидаанд. Сиёсаташ то ҳадде буд ва овозааш зиёдтар аз он; гўйӣ дар ин музофот донгашро нишонда буд.
Ҳаво гарм. Хамии теппаи Самарқандак гармтар. Дами оби ҷўшидаи мошин ҳам ба салон мезанад. Вале касе чизе намегўяд.
Зеро садои мошин ва ширраси занҷираки он аз ҳама садоҳо, аз ҳар гуна мағал болотар. Чун ба теппаи Самарқандак рост шуд, овозаш бисёр гўшхарош баромад.
— Дигар мошин набуд? – овози Саидбек баромад.
— Буду... Аз ин ҷо бармегардад ё намегардад, гуфта...
— Барнамегашт ҳам. – сухани Эшонро бурида фармуд милиса.
Аммо Халил хомўш буд, ки ошноён сухан гўянд. Зокир ба дил гирад ҳам, худдорӣ мекард. Аммо Халили тезхун худдорӣ карда натавонист:
— Дар беамакиҳо харро «амак» гуфтаанд.
— Ҳамин хелу... Нағзаш нағз-дия.
— Корҳо хуб шавад, Саидбек, нағзашро ҳам савор мешавем...
— Мефаҳмам, Эшон. Медонам, ки ту бо ҳар кас ошнойӣ намекунӣ... Ана инҳоро бин... Баромаданд ба пешвоз. – Пости аввали роҳи пурхавфро дар назар дошта гуфт Саидбек. – Пости калонаш дар дуроҳаи маркази Ҷамоат.
Ҷавонони чорафзори ҷангӣ мошинро боздоштанд.
— Ҳааа, капитан худтӣ?
Саидбек аз мошин буромада даст ба чакка бурда, ду пошнаи пой ба ҳам зад,
— Бале, майор.
— Чӣ хизмат?
— Ба назди командир....
— Командир имрўз касеро қабул намекунад, фароғат дорад.
— Ту бифаҳмон, ки Саидбек омада... Ў медонад.
— Манша карданӣ ҳастӣ, капитан? Қабул намекунад.
— Гапат маъқул. Лекин як бор бипурс.
— Охир, феъли ўро медонӣ-ку...
— Медонам. Феъли саг ба соҳибаш маълум... Лекин як бор бипурс. – Ба шўхӣ гардониданӣ шуд Саидбек, ки вақташон хуш бошад, маънии суханро нафаҳманд ҳам, дар ҷумла баъзе калимаҳои мароқангезро шунаванд, завқ бурда, механданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо