Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ина ман мепурсам... – ва занг зад. – Ало Гўрғулӣ! Командир бедорай?... Меҳмонора қабул мекунад?... Хуб... Саидбек... Саидбеки милиса... Мешиносиш. Аз колхози Карим Исмоил... Ҳооо охӣ...
– Майор сўйи меҳмонон сар афшонд ва гўшаи чашм ба телефони дасташ андохт, то онҳо фаҳманд, ки хидмат кард.
Вақти зиёд гузашт. Зокир даруни мошин сўхт. Саидбек гоҳ-гоҳ шапкаи сурхтобашро гирифта сари арақшорашро бод медод.
Эшон ришак мекашид. Аммо Халил ба назар ороми ҳазорандеша буд. Фикру хаёлҳои зиёд ба ҳазор кўчаву тангкўча мебурд ўро. Аз ҳама аҷибтараш: «Ин чӣ зиндагист?» Вале ҳоло дар ин бора чизе гуфта намешавад. Зиндагӣ дар дами тир аст. На, буд ҳамин хел.
Ҳоло рўзгор ранги дигар гирифтааст ва инҳо фикр мекунанд, ки дунёро тасхир кардаанд. Аз дасти кофирон гирифтаанд. Ба рўзи рўшан расидем. Озодибахши мардуми тоҷик ҳаминҳоянд. Аз ин рў на дар коху қасрҳо, балки дар ҳар дара як даста ҷой гирифтаанд ва гўё Тоҷикистонро хитта-хитта ва дара-дара ҷудо карда ҳокимият месозанд ва касе панҷаашонро тоб дода наметавонад.
Боз занг шуд. Майор хуб гуфту телефонро хомўш кард ва сўйи мошин омад. Даруни мошинро хабар гирифт. «Бордонро кушо!»
амр Зокирро буд. Дид. Ҳар касро даст-даст карда силоҳ доштан ё надоштанашро донист. Пасон иҷозат дод: «Гузаред!»
Дар Дуроҳа боз доштанд. Ҳамчунон пурсу посух шуд ва аз назар гузарониданд тану либосашонро. Воҳима, ҳангома доранд хидматгорон, ки дар дунё маъруфтар ва бузургтар аз командири онҳо инсоне нест. Лақабаш ба худаш – Гитлер. Воҳима аз он зиёдтар.
Рухсат шуд, ки онҳоро баранд. Воқеан воҳима дошт. Воҳимааш на аз он буд, ки командир бузургу мўътабар аст, бал аз он буд, ки одамвор ва тандуруст аз он ҷо бармегарданд ё на. Зеро воқеаҳои зиёд шуда буд дар шаҳр, бисёр касон ғайб заданду кушта шуданд ва ҳама корҳои норавову ношоистаро аз чунин даставу фавҷҳои роҳзану ғоратгар медонистанд, ки ба бадномии сохту ҳукумат мекарда бошанд.
Командири басиёсат дар канори ҷўйборе менишаст пойҳояшро ба об тар карда. Пеш аз ҳама риши сиёҳи ба наздикиҳо минқор назадааш диққати касро ҷалб мекард. Каси бори нахуст як бор дида як нигоҳ мекарду чандон аҳамият намедод, ки онон риш мемонанду оро-торову пероста намегардонанд. Чӣ зайле ки ажриқ дар замин рўяду нумўъ кунад, риши онҳо низ беқайчиву теғ дарозу парешон мешуд. Мазмун чунин буда, ки риш то замин ёзида қади пасташонро пинҳон кунад ва дар баъзе мавридҳо сипар гардад. Ў пойи ёзидаашро накашид ва аз ҷой наҷунбида алек гирифт саломи онҳоро. «Худовандо, агар чунинонро доҳии мо гардонӣ, мо чӣ меомўхта бошем аз эшон.»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо