Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Эътиқоди Халил гашт. Чун кораш афтода буд ва бо онҳо дар ягон сурат тую ман ё гапгардонӣ кардан имкон надошт, хомўши садзабон меистод.
Нигоҳи командир гургона, баъзан рўбаҳона, нохунҳояш чанги палангро мемонд, вале зеҳаш сип-сиёҳ. Нохуни паланг тозатар аз он. Даҳони тангашро мўйи лабу риш тангтар нишон медод.
Мадд кашид ў ва ба милиса нигарист. Пасон ҷондорони гирдаш гирифтаро ишора кард. Онҳо дуртар рафтанд.
— Хўш, капитан? Ҷим намегардӣ-а?
— Аз давлати худут командир, каттагӣ мекунем. – ба забони мурғон сухан кард Саидбек.
— Чӣ ҳоҷате овард?
— Бародарро дуздидаанд...
— Бародари ана ин кас – Абдухалилро.
— Абдухалилро... Чӣ ном дорад?
— Абдуҳаким...
— Абдуҳаким... Абдуҳаким... Абдуҳаким... Неъ! Ин хел ном дар части мо нест.
— Бубахшед, командир... Як ҷавон... монанд ба ана ҳамин Абдухалил, вале каме зардча; бародари ҳамин кас мешавад. Номаш Абдуҳаким.
— Абдуҳаким... Абдуҳаким... Абдуҳаким... Неъ! Номаш чизе намегўяд... Капитан, баъд инҳо гумон накунанд, ки баччаҳои мо дуздӣ мекунанд. Неъ! Агар кунанд, ман худам дасташонро мебурам. Баччаҳои мо инро медонанд. Чунин кор намекунанд...
Неъ! Боз ин хел фикр накунед!... Номаша чӣ гуфтӣ?
— Абдуҳаким.
— Абдуҳаким... Абдуҳаким... Абду... Номи падараш чӣ гуфтӣ?
— Абдухолиқ...
— Абдухолиқ... Абдухолиқ... Абдухолиқ... Неъ!
— Холиқуф Ҳаким.
— У чанд ном дорад?
— Паспортиаш Холиқов Ҳаким.
— Нест... Баччаҳои мо ин корро намекунанд. Гар дуздии ман кунанд. Фаҳмам, калашона мегирам... Холиқ гуфтӣ?
— Бале, Холиқов Ҳаким, командир.
— Холиқов Ҳаким... Холиқов Ҳаким...
Буни тораҳои риши қирғизонаашро бо нохуни дарозгашта хорида мегўяд ў ва вонамуд месозад, ки зиёд андеша мекунад дар ин боб. Дар тораҳои риш зарраҳои сабзии оши палав, ягон баргаки сабза ва мағзрезаи нон боқӣ мондаанд. Гоҳи хоридан андаке лабонаш во гашта, сурх нишон медиҳанд даҳонашро, гургдаҳон, ки хўрад-нахўрад, даҳонаш хунолуд.
— Чӣ хел гирифтанаш гуфтӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо