Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Аз пеши гараж, аз даруни мошинаш...
— Мошиншам?
— Не. Худашро.
— Баччаҳои мо мебуданд, мошиншам мегирифтанд... Чӣ хел мошин гуфтӣ?
— Нексии сурх.
— Мо надорем ин хелша....
— Худут акаш?
— Бале, командир.
— Ба худут монанд гуфтӣ?
— Бале, командир.
— Бинам, мешиносам...
— Командир, иншоллоҳ, пайдо шавад, дарак медиҳӣ...- капитан вақти рафтанро муайян карда бо ў хайрухуш карданист.
— Иншооллоҳ.
Сайидбек чунин осон рухсат додани командирро хуш пазируфта, ба миннатдорӣ таъзим кард ва рафтагор шуданд. Аммо Капитан садо баровард:
— Эй!
Сайидбек баргашта нигарист ва дар дили онҳо ларза даромад.
— Чӣ гўён рост ба назди ман омадӣ?
— Барои он ки эҳтироми командир пеши ҷумла мардум зиёд.
— Неее... Медонам барои чӣ омадӣ... Ҳар кори норавое, ки дар ин солу замона рўй медиҳад, гумон мекунанд, ки кори баччаҳои мост...
— Не-не-не! Ин хел андеша накун, командир.
1
— «Не» нагу. Ман ҳамаша медонам: Мурдаи прокурори кулра бори баччаҳои мо карданд. Мурдаи Осимира ҳам ва...
— Ба номи Худ! Мо аз рўйи эҳтиром омадем. Ва маслиҳат ҳам кардем, ки дар чунин кори вазнин танҳо ҳамин командири некдил ёрӣ расонда метавонад.
— Не нагу, капитан. Ҳама ҳамин хел фикр мекунанд... Ман медонам. Аз калон то хурд фикр мекунанд, ки Раҳмон Гитлер аз гушнагӣ мемирад. Аз ин рў ғоратгарӣ мекунад. Неее... Бира, бубин, ки баччаҳои мо бо чӣ кор машғул. Тамоми заминҳои болойи Нилкон ва домани дара, Мағмирўд, тори Самарқандакро кишт кардаанд; клубник коридаанд. Душанбера мо бо клубник таъмин мекунем. Ин кори бадай? Ҳаромхориай?
— Аз ин ҳалолтар боз чӣ кор шуданаш мумкин?
— Ҳаминра, ки донӣ, аз баччаҳои мо бадгумон нашавед.
- Ҳувайдуллоевро — Ба номи Худо, не, командир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо