Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Танҳо аз рўйи он ки худта хуб медонам, нағз мебинам... барои маслиҳат омадем...
— Ин хел бошад, пайдо шавад, хабар медиҳам... Номша чӣ гуфтӣ?
— Холиқов Ҳаким.
— Холиқуф Ҳаким... Холиқуф Ҳаким... Дар калам мемонад.
Иншооллоҳ!
Дар кушода шуд. Садои ҳалқии Қорӣ баромад.
— Пуфааа, бўйи ҳафт хар мекунад...
Асир ҳам ҳис кард, ки боди бегоҳирўзӣ ҳаловате овард бо ҳама гармии рўз ва қасдан пафу пуф карданҳои Қорӣ. Аммо ин бор кор дигаргуна оғозу сурат гирифт.
Садои бо пой задани сатили ҳаром баромад:
«Сағра, мезакта мехрӣ, ки сатил қоқай? Ё саг ворӣ дар танаи девор рост мекнӣ?»
Баъд хомўш гашт. Ба гумони асир ў ҳама ҷоро аз назар мегузаронад, ки ифлос карда бошад, баҳонаи дашному сила хоҳад шуд. Аммо буд-набуд бўйи шўрбо дигар бўйҳои росту дурўғро пахш карда, асирро умеди зиндагӣ бахшид.
«Буроруш, лаби ҷар бубар!»
Садои командир баромад. Ба тани Ҳаким мурғак давид ва якбора арақ пахш кард, ки умраш то ҳамин рўз будааст. Зеро ў маънии «лаби ҷар»-ро медонад.
«У паъаташ – акаш мегуд, ки ман пул надорум, бикушуш...»
Рост буд ё дурўғ, дили Ҳаким чу моҳии лағжони аз даст раҳо гашта пеши пояш шорид. «Бовар намекунам...» хулоса кард ба худ ва қавирўҳ гўш дод, ки боз чӣ мегўяд.
Садои ҷик-ҷик-ҷик... пахш кардани тугмачаҳои дасттелефон баромад ва дере нагузашта «ало!» гуфт командир. Баъд ба асир муроҷиат кард:
«Ина, гап зан бо акат!»
— Ало! Ман Ҳаким!... Намедонам, ман дар куҷо...
«Пула гап зан...»
— Масъалаи пул... Ба худи командир...
Шартӣ телефонро аз дасти ў кашида гирифт. Чунон ки бозии тифлонӣ бошад. Дигар садояш набаромад.
«Аниқ масхарабозӣ дорад. Вагарна ошкоро мегуфт, ки ман фалонӣ, дар фалон ҷо, соати фалон, пулро биёр... Аз гап задан метарсад... Худоё, ман овози Халилро аз ҳафт иқлим мешиносам.
Монанд нест ба садои ў. Мазмун, ин кас месозаду мебозад».
«Чӣ гуфт?» – ин пурс пароканд андешаи Ҳакимро.
«Пулро куҷо барам?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо