Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ина, ҳамин ҷо...»
«Куҷо ин ҷо?»
«Ин ҷо... ин ҷо... ин ҷо...»
Шартоси торсакӣ задани командир баромад ва асир пушт рафта, занҷир таранг шуд, афтид. Зуд талвоса карда хест, то пеши пой назанад. Зеро ҳамон амаки шоъирашро Қурбонча (Шарипов Қурбон – додситони ҳарбӣ) зада тоқиашро афтонд. «Тоқиатро бардор!» гуфт ва шоъир аз ростӣ хам шуда тоқиро бардоштанӣ буд, ки Қурбончаи як метру ҳафт см қад дошта ба шиками ў пой зада дарафтонд. Чунон қаҳрамонӣ дар хотири асир мондааст, бино бар он зуд талвосаи хестан кард. Ҳарчанд, ки дар сараш давр мезад, ки қаду басти ин командир ҳам қаду басти Қурбончаи шикамдори тўтибинӣ барин будагист.
«Ман мегуфтагии ту не! Ачата дар чашмат нишон метам!»
Овозаш гувоҳӣ медиҳад, ки бачча, ҳоло ҷавонмард ҳам нашудааст. Аммо Қурбонча «Ачаҳаката фалон...» мегуфт. Оҳанги гапзании ҳар ду як хел. Дар ҷаҳон аз ин қабил балочаҳо бадтар, ҷоҳилтар, нокастаре намешавад. Зеро ҷонашон дар танашон ва худашон дар пўсташон намегунҷанд. Шишаи тафсида барин: об расид, мекафанд. Чаро асир чунин андеша дорад, худаш намедонад. Ў низ чандон бузургҷусса нест, вале чун гўшт гирад, барбаста метобад. Ҳоло қоматаш хам; ё аз гуруснагӣ ва ё аз ғам. Ба танг меояд, ки пуршаст чашмбанд бадар орад ва кашидаву кушода ўро мушт занад ва бо ҳамин баҳона бинад, ки ў чӣ кас аст. «Астағфируллоҳ!» Албатта дар дил чунин мегўяд, чунон ки ҳама андешаву ҳарфаш пинҳонист ва бесадо; худдориаш низ бесадо.
«Ҳамин шаб охирин. Мо пагоҳ кор дорем, дер меоем.»
« Майлатон... Ман ҳам баҳузур мехобам... Худатон ба акам занг зада вақту ҷой муайян кунед...»
«Ман хизматгорам!?»
Асир боз хомўш монд: «Бо кадом забон гап занам бо ў? Дар гўям, девор мефаҳмад.»
Ба ҳар ҳол Ҳаким шод буд, ки онҳо фардо дертар меоянд...


Саидбек онҳоро дуртар бурданист. Қад-қади рўди Кофарниҳон,
ки махуф аст. Аз пули асосии он нагузашта ба дасти чап мегарданд, аммо озод гузаштан имкон надорад. Ғавчўби дароз бозмедорад мусофиронро. Чун Саидбек зодаи ин диёр аст ва ҳамаро хуб
мешиносад ва донгашро гоҳи ҷанг шинонидааст, инчунин нозири
роҳи автомобилгард ҳам ҳаст, баъди саҳле таваққуф ва пурсуҷў
рухсати сафар гирифтанд. Кас барбеҳуда хешро ба чунин доми
бало намезанад. Агар Саидбек набуд, ба ин диёри айни замон
пурхатару пуртаҳлука ва хеле ваҳмангез омадан, дидаву дониста хешро ба оташ задан аст.

пешина
аз 378
навбатӣ