Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Ман намедонам, чӣ кор кардан мумкин бошад бо одамизод.
Куштан лозим... лекин киро куштан лозим. Одатан моли гаргини ҳаромхўри зараргорро намекушанд. Моли парвории бақуввати аз мўяш равған чакандаро мекушанд. Одамонро ҳам чунин мекушанд. Бадашро намекушанд, хубашро мекушанд. Ҳамонеро, ки аз дасташ коре меояд ё дар ҳама ҷо аз рўйи виҷдон, адлу инсоф; пок, рост ва ҳалол кор кунад, ҳамонро мекушанд. Дуздро намекушанд, аммо дузд соҳиби молро дар ҷойи хобаш кушта, хостаашро мебарад. Дасти дуздро, бадкорро кўтоҳ намекунанд. Дасти касеро кўтоҳ мекунанд, ки ба кори нек дароз шуда бошад... Ман чӣ бадӣ кардам, ки аз даруни мошинам дуздӣ? Ба кӣ бадӣ кардам? Моли киро дуздидам ё хўрдам? Киро ҷабру ситам кардам? Намефаҳмам, ба номи Худо, намефаҳмам... Ана ҳамин хел дунё месозем. Дунёи худамонро месозем, баъд гила мекунем, ки Худо ҳамин қадар насиба додааст. Худо моро дар ғафлат монондааст; замини моро ба дигарон дода, сангзорро ба мо мерос гузоштааст; рўду наҳрҳоро чунон сохтааст, ки аз домани замин мегузаранду хокамон тар намешавад; Худо моро бад мебинад... Намефаҳмам... Аз ин дунё чизе нафаҳмидам, инаш ҳам қатори ҳамон. Чӣ хел? Ин чӣ хел дунё, ки ҳама чизро сайд кунанд? Одамро ҳам?... Ҳаромхўру муфтхўру бадхўрро Худо дар як саф гузоштааст, ки бояд аз меҳнати дигарон хўранд. Зада, кўфта, кушта, шикаста, сўхта, овехта... хўранд. Албатта то андозае такопў мекунанд, аммо ҳалолӣ надорад луқмаи пайдо кардаашон... Дигар фикр намекунам. Бо фикр кардан ҳеҷ чиз дигар намешавад. Бум рўзи дароз андешаманд карру кўру гунг дар вайрона мешинад, шаб, ки шуд ба шикор мебарояд. Мо ҳам аққалан бумвор кор кунем...»
Ў дигар аз баҳри ҳама чиз баромад. Дар ҷаҳон ҳеҷ чиз нест; худи ҷаҳон ҳам ҳеҷ чиз. «Шабҳо кўтоҳ; як қабза. Ҳамин замон рўз мешавад» гуфта қоматашро рост кард ва тела дод лойпораро.
Ҷунбиданашро пай бурд бо ҳавои даст ва шерак гашта сахттар тела дод. Ҳайф, ки қад намерасад. Як пораи девор ба зарби мушт берун парид ва мушт чашмбанди чанд қабат қат кардаро тела дода бурун омад.
Саҳл монд, ки фарёд занад асир. Аммо лаб газид. Ором истод.
Хеле гўш дод ба берун. Ҷуз садои чирчирак дигаре набуд. Дар осмон ситора метофт. Инак ҷуз андешаи аз тори бом фуромада ба ягон самт тохтан андешаи дигар набуд. Ба шикастан даромад; пора-пора шикаста, даст ёзида, берун – рўйи бом мегузошт ва ҳар бор гўш медод, ки чӣ садое меояд. То ҳадде шикаст, ки сар бурун меомад, вале даст намерасид ба ҷое, то дошта барояд.
Канду шикаст, коҳмўрӣ гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо