Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аввалан мошинҳояшон вагони поезд барин калони калон, ки дарвоза ва дару боми хонаи мо то нисфи қадаш меояд. Сонӣ ронандаҳояш аз мошинашон ҳам калони шикамдор, ки одами хароб аз наздаш гузарад, аз нафасаш мепаррад. Ин ҷо маҳаллаи нонпазҳо; вазифаи чанд заводу фабрикаро адо мекунанд. Як рўз нон напазанд, ҳоли мардуми шаҳр чӣ мешавад, касе намедонад; зеро ин халқ бо нон зинда. «Бо дўстон нону пиёз» мегўяд. Лекин мо имкони нон пухтан ҳам надорем... ва он вақт ба ошхонаи дудагирифта гузашта хуб гиристам, вале ба ту чизе гуфта натавонистам. Гўё маро гум карда сар аз дари каҷшудаи ошхона даровардӣ. Ман оби дўлчаро ба каф андохта ба рўй пошидам, то оби дидаам маълум нашавад. Акнун фаҳмидӣ, ман чиҳо гуфтам? Нафаҳмидӣ! Пеш аз ҳаром мурданам диламро холӣ карданӣ ҳастам: ману ту якдигарро дўст дошта, аз худи Қисмат-ато ба ин ҷо омадем. Чунки хоҳарбузургат ин ҷо кўчида омада буд, пушту паноҳ гуфта, маро овардӣ. Ин хонаҳои вайрона, ки сарпаноҳи мост, аз они ўст.
Гўё як мардак мурғхонаашро ҷудо карда дода будааст. Апаат одамгарӣ кард: гоҳи кўч бастани яҳудиён як дар хонаро хариду кўчид ва мурғонча моро монд. Худро ба нодонӣ назан! Ҳамаашро медонӣ... Ботурбой! Даҳонам дард кард. Хез! Медонӣ, ки чӣ қадар дўстат медорам. Гап дар чиз нест. Гап дар тақдир, ки Худованд моро муҳаббат додаасту давлат не!»
«Пома нахор!»
«Ту бедорӣ, Ботурбой? Ҳама суханони маро шунидӣ?»
«Биё ин ҷо! Поятро пушти пойи ман мон. Дастатро ба дастам деҳ! Ҷаста буро! Ҳарвақта борин.. Ана ҳамин хел! Шин! Не. Дар болойи зонуям шин, ҳарвақта борин. Дигар гап назан; ба номи Худо дигар гап назан! Ба ҷароҳатҳоям намак мапош... Даҳонатро ба даҳонам гузор, ҳарвақта борин...»
Вақти зиёд гузашт. Дунё ором ва хомўш буд. Забонҳо гунг, гўшҳо кар, чашмҳо кўр. Аммо кран меҷунбид. Гўё замини муҳаррик меҷунбонд онро. Ботурбой садо баровард:
«Чӣ хел нааағз... Чӣ хел ширииин... Мо аз ҳама одамони рўйи Замин баландтар...»
«Ҳўй! Кранро наҷунбон! Мурватҳояш кушода гирифтагӣ! Яктарафа париданаш мумкин!»
Аммо шў ҳарфи Иванро нашунид. Гирифтори андешаҳои хеш буд: «Чӣ хел нағз! Чӣ хел ширин? Ман барои ту дар ҳамин баландӣ хона сохтанӣ, Саврӣ...»
Ин гўшакӣ буд ё маслиҳат ва ё орзу...
«Тақдир карда бошад...»
«Худо як борона медод. Дар ҳамин баландӣ дасту рўй мешустем».

пешина
аз 378
навбатӣ