Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ман рафта дар кўза об меорам, мардак...»
«Ҳааа...»
«Лекин шумо пасттар фуромадан мегиред, дар болойи борсанг дастурўй мешўем...»
«Не, ман бояд дар ҳамин баландӣ...»
«Хуб...»

Аз боло як қатра хун чакид. Ў қатраи борони талабкардааш пиндошт. Дер нигарон шуд. Дигар такрор нагашт. Осмон кушода буд. Ситораҳо дурахшон. Шаббода мевазид. Дар дили Ботурбой фараҳе омада буд. Баъдтар як қатраи дигар бар сараш чакид.
Дастмол карда бўй кашид; бўйи хун дошт. Рўҳаш дигар шуд ва авзоъаш беҷо. Рўзҳои баду бало аз зеҳнаш гузашт, ки ҷуз бўйи хун бўйи дигаре надошт; бўйи гулу раёҳин ва бўйи гули санҷиду ақоқиё ё бўйи меваҳои расида намеомад; ё бод аз самте оварад ҳам, машоми касеро хуш намекард, ҷуз димоғи хунхорон. Ва ў пиндошт, ки дар он баландӣ касе касеро сар мебурад ё мушон кадомеро хомхўр мекунанд. Баданаш раъша баровард ва зери пўсташ мурғак давид. Сонӣ дар атрофи пояи гаронвазни кран галаи гургон ё сагони гургмонанд пайдо шуданд ва тарҳу суробашон ба чашм мерасид; ў оҳиста ҷунбида манаҳ бар рави оҳанӣ гузошта ба паст нигарист: «Ба бўйи хун омадаанд». Аммо қатра дар роҳ ба оҳанҳои росту уреб васлкарда расида мебаст, ки наомад дигар.
Як бор баргашта тарафи хонааш нигарист, ки миёни хонаҳои баланди тозасохт тарҳи хираи занаш тофт, вале дарвозаи шалақи зангзада, ки рангаш ба ранги шом монанд буд, натофт. Монанди дарвозаҳои дороён ба андак равшанӣ ялаққос назад.
«Набиё!»
Ин садои хаёлии ў буд, ки бисёр андешаҳоро ифода мекард; «наё!», ки сагҳо мехўранд. Ин ҳамон сагҳо, ки дар замони Гузариш одамхўр шуда буданд. На аз мастӣ ё фармудаи касе, балки аз гуруснагӣ: навое наёфта мушхор низ гашта буданд ва сўрохи мушро ханҷолкаш кофта муш доштанӣ мешуданд ва гурбавор аз паси мушҳои гурезон ва нописанд медавиданд. Ва онҳо мушҳоро пешандоз карда то Морги бедар, ки кадоме аз бесоҳибӣ дарро канда бурда буд, даромада бўйи мурда шуниданд ва аз ҳарисиву гуруснагӣ хуни захми тирро лесида маззахўрак шуданд ва аз ҳамон ҷойи тирхўрда гўштро канда хўрданд. Дар торикиҳо то бохабар шуданд, ки онҳо одамхўр гаштанд. Агар онҳо гўшти одам хўрда гоҳи мурдаи нав овардан дар гўшае мусичаи бегуноҳ барин хапу дам меистоданд ва чашмонашонро пўшида медоштанд, касе хабардор намешуд; аммо онҳо ситезиданд: маст шуда, худро соҳибмулк ва соҳибхазина пиндошта ғурриданд ва касеро роҳ надоданд, балки ба қадаш рост шуданд. Камонбадастони ба парронидан одаткарда ҷо ба ҷо дар тори мурдаҳо онҳоро паррониданд ва мурдаашон ҳамон ҷо монд.

пешина
аз 378
навбатӣ