Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ботурбой, ки ин қиссаро ба чашми хеш дида буд, то имрўз дилаш ваҳм мекунад ва аз саг метарсад. Инак парешон аст, ки занаш кўзаи об дар даст меояд, ин саггургҳо пора-пора мекунандаш:
«Наё! Наё, ки сагҳо пора-пора мекунанд!»
Валек Саврӣ нашунид. Аммо Ботурбой шунид, ки дарвозаи тунукагинаш шақар-шақар садо баровард.
«Наё! Савринисо, наё! Сагҳо!!!»
Қанотак зада ва дастон ба лаб карнай карда дод зад ў. Парвоз карда рафта дарвозаро сахт доштанӣ шуд, то Саврӣ набарояд.
Саврӣ куртаи аз ҳама шинами ба андомаш мос – пироҳани сурхи сафедчатоби садбаргиаш дар тан, кўза тори сар ниҳода бедаста чун духтарони кўҳистонӣ меояд ва сагон...
«Саврӣ, Наё!!!»
Саврӣ як пой аз рахнаи бетондевори шикаста дарун мегузорад ва пойи дигарро набардошта кўза ба боло расида афтода мешиканад ва аз садои он сагон мегурезанд. Яке пеш-пеш дигаре аз паси он қатор мегурезанд... Аз об ҳаросида мегурезанд.
Хобу хаёл барин.
Хобу хаёл барин, ки бум дар болойи сари ў мушро канда-канда мехўрад ва Ботурбой пай намебарад, сарфаҳм намеравад, ки хуни муш мечакад.

10

Замона дигар гашту одамон низ дигар гаштанд; замони Тараққиётро фаромўш карданд, лек даврони Табаддулотро дар ёд
доранд. Ҳолиё «Гузариш» ҳукмрон ва мардум чизеро фарқ намекунанд. Ҳамин қадар, ки як ҳазору понсад сол вопас рафта, рў ба
фолу қол оварданд; ғуслу таҳоратро аз сар ёд мегирифтагӣ шуданд;
фардҳои бепир пирдор гаштанд. Ҳар кас фолбин ё табибе пайдо
кард; ҳар кас дар ҷайб чанд тўмор ва дар бозуи рост бозўбанде
дошт; нурномае дошт; радномае дошт. Аммо худаш ягон кори
дуруст намекард. Умед ба гиреҳбандиҳо ва «суф»-и найрангбозе
дошт, ки туфомехта ба оби зарфи ў медамид. Яке қуфл мебаст,
дигаре қуфл мекушод. Ва қуфлчаҳои хурдакаки чиниву куройӣ
ва хеле арзон, ки бо ҳар гуна меху сим кушода мешуд, бозоргир
гаштанд. Мушҳо аз зери пули наҳр қуфл кашола карда мебароварданд, ки дар дастааш ё тахтачае дошт, ки об навиштаҷоташро
маҳлул карда буд ва ё коғазе, ки латта гашта чун ранги ҳаво ранги
қалам мондааст. Инҳо дарбандиву даркушойӣ буданд. Ноинсофе
аз нафси бад, барои ризқу рўзӣ бо ҳазор найранг дари бахти
якеро мебаст аз рўйи кину қасди фармудае, дигаре бо хоҳиши каси
ҷодуро пайдо карда, мекушод даричаи бахтро. Ба табобати тибби
замонавӣ бовар намонда буд: «солҳост, ки олимону табибон зўр мезананд ягон мурдаро зинда гардонанд, наметавонанд».

пешина
аз 378
навбатӣ