Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Баҳона чунин буд. Пири ду душман як кас мешуд: ҳардуро кўрхат мекард; ҳар дуро тўмор медод; ҳар дуро бахтнома менавишт, то шоҳ шаванд. Душманҳо аз нав ба набард камар мебастанд. Сарраммол меҷустанд; фоли нав нишон медоданд; ҳар кас ба таври худ бахт меҷуст, мадад аз мазору гўру арвоҳ металабид.
Ботурбой ҳам нони ҳамсояро то бозорча бурда чанд пул пайдо кард ва ҳамроҳи Саврӣ назди фолбин-табиб рафт. Фолбинтабиб ҳамту диду ба зан «зиёни мурда расидагӣ» гуфт ва шўро фармуд: «Хунатон кам шудагӣ». Боз ба зан рў овард: «Шумо аз мор ҳам тарсидагӣ». Зан бисёр фикр кард ва ёдаш наомад, ки аз мор тарсида бошад: «Мор неву як бор келас ба даруни куртаам даромада буд» гуфт. «Ҳа-дия! Келас – яъне сусмор» шарҳ дод ў.
Ва дасти чапи Ботурбойро дошта набзашро дид. «Дасти чаппам дард мекунад гуфтед-а?»
— Ҳамин хел, рафиқ...
Фолбин – табиб дар рўбарўйи беморон чандон касе нест, ки дар сураташ ҳаст: дар сурат низомипўш, бештари суратҳояш сурх; ранги каллапўши сараш, ки пешбандаш – болойи лапар сурхи сурх, ўро борангу бонур нишон медиҳад ва ба рухонаш акс андохтааст.
Худи ў ҳам шодон ва хандон. Аммо дар асл шикамкорсони фарбеҳ ва қаду қоматаш сақфгир. Аз сергўштӣ чашмонаш танг метобад.
Ба чашми бум-ку не, ба чашми муш монандӣ дорад.
«Дасти чап» гуфтед-а?
— Ҳамин хел, рафиқ... Аввал дилам дард мекунад, сонӣ ба дасти чап мегузарад дард.
— Аз афтатон бисёр кор мекардагӣ барин? – гуфт табиб ва хандида ба Саврӣ нигарист.
— Бекор... – ба ҷойи шўй посух дод зан.
— Не, келинд... Ин хел зан қатӣ марди боақлу фаросот бекор намеистад.
Онҳо чизе нагуфтанд. Фолбин-табиб аз рафи ҷевон як дарза суратҳои ранга баровард. Рў гардонд ҳама суратҳои нимрангу беранг ва ворафтаву лабдаридаро.
— Инҳо суратҳои ман. Ҳамаашон дар банди дили одамон ҳамин хел шудагӣ... Ба шумо ҳам медиҳам... Ана ҳамин суратро шаб дар банди дил – миёни ду сина монда хоб меравед. Чӣ хоб мебинед, пагоҳ омада, мегўед. Пайғамбарро хоб бинед, ҳам, Ғафсулаъзамро хоб бинед ҳам, хоҷаи Хизрро ё подшоҳро хоб бинед ҳам, мегўед... Ана, бинед, чӣ қадар одамон ихлос карда, нағз дида суратҳоро дар банди дилашон пахш карда хобидаанд ва ҷисмашон обу ранги суратро макида гирифтааст. Ихлос кунед, бо шумо ҳам чунин мешавад. Ман ба шумо сурати нави ба тан нарасидаро медиҳам. Ана ин барои шумо, ана инаш барои келинд. Як хел-а?
Не! Аз они келинд андаке хандон будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор