Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хонаи Ботурбой ҳамин?
— Не!
Баиллат ҷавоб дод ў ва боз паси дар шуда онро пўшид. Сонӣ ба ёдаш омад, ки ин марди низомипўш кист? Шапкаи сурх бар сараш. Зеро ў фақат шапкаи ўро дида, аз чизе хавф бурда, Ботурбой буданашро пинҳон дошта, аз нав ба хона даромад.
— Ба шумо кӣ лозим?
Ин садо аз паси сари табиб омад. Ў садои шиносу ношиносро шунида дилаш тап-тап зад, ки дар бисёр ҳолатҳои ногувор; ҳатто майдони набард ё ноомади кор чунин натапида буд. Дили зан ҳам тапид, ки ин одами милисамонанд дар назди дарвозаи шалақи онҳо чӣ кор дорад? Ҳол он ки солҳои сол ин дарро касе ангушт намезанад, ҷуз ҷўгӣ, нозири барқ ё барўйихатгирандагони маъракаҳои интихоботӣ.
Табиб оҳиста баргашта рў ба зан овард:
— Нашинохтед, келинд?
— Нони гарм хўред!
Чӣ гуфтанро надониста ду нони рўйи каф доштаро пеш ёзонда гуфт зан.
— Ташаккур, келинд. Ботурбой наомаданд, маҷбур шудам, ки худам биёям. Гапҳои маро ба шумо расондагистанд?
— Неее...
— Ман ба он кас ҳамаашро фаҳмонида, гуфта будам, ки ба шумо гўянд, маслиҳат карда натиҷаашро ба ман расонанд; зеро одам нонро пеши по намезанад. Худо худаш фармудааст, ки...
— Охир, кори шумо мегуфтагӣ аз дасти мо намеояд. Барои ин кори шумо мегуфтагӣ одам бояд тайёр бошад; дидагӣ бошад; хондагӣ бошад; гурги борондида бошад; аз оби нови осиё хушк барояд... хулоса, бало бошад; балойи азим. Худатон дидед, ки гап аз даҳани мардак меафтад.
— Шумо розӣ шавед, ҳамаашро худам соз мекунам.
— Нашавад, ки табиби самарқандӣ барин паси панҷара шавед?
— Э неее, келинд! Рост омад! Ҳар кас мурда, ба биҳишт рафта, баргашта намеояд. Дар они воҳид. Худатон шоҳид; пеши назаратон рух дод. Мо насохтем, набофтем, Худо фармуд; лозим будааст, фармуд. Шумо ўро ба гап дароред, он тарафашро ба ман ҳавола кунед.

12

Росу баъди аз хоби гарон хеста «қатли ом» фармудан се шаборўз ғарора кард. Сонӣ фармонро ботил гардонд. Паймон кард,
ки зарурат пеш наояд, дигар муш нахўрад. Аз ин рў бояд аз ин
меҳмонсаройи бадтар аз партобгоҳ биравад. Оварданд, ки дар канори тозадиж ва дижаки чун ҳарам сохта ҳамсояғоре пайдост, ки дар қаъраш, тақрибан зери кўҳи Мармар шамъе мисоли гавҳари шабчароғ месўзад, ки гоҳи дар шаҳр набудани барқ ҳам фурўзон бувад.

пешина
аз 378
навбатӣ