Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ин чиз аз сўрохи муш дар пардаи вопасини девор аён гашт. Сўрохӣ фарохтар кушодан имкон надорад; зеро тахмине ҳаст, ки девор гашта ҳар чизе дар он сў ҳаст ба дижу ҳарами нав рехта, ҳамаро барбод диҳад. Чунки аз паҳлў ё зери дижи мо рўде намегузарад, мисли Фушун, то ҳама партобҳо ва ахлоту мурдориҳоро бар он афканда ҷонамонро раҳо бикунем аз ташвиши порукашонӣ чун мардумони қадоба. Олампаноҳ бояд як бор бо чашми бедор бинанд, сипас амру фармон бароранд, то асирон ва сипоҳи сохтмон боз чӣ кор кунанд? Асиронро озод кунем ва зери назари Росуҳо бошанд?
— Кадом Росуҳо?
— Ҳамоне, ки Олампаноҳ аз худи онҳо фармонраво таъйин карда буданд.
— Нааа! На! Ҷосу, ҳамаи он нохалафҳоро низ чун асирон кор фармой! Худат сарвар бишав! Ба он нохалафҳо бовар кардан баробар бувад бо худкушӣ! Онҳо ҳама ҷосусанд; дониста, худро чун бардаҳои ҳалқабагўш пешкаш кардаанд, вагарна ҳамаашон душман. Заҳрогин; барои маҳви мо чунин найрангу тақалҳоро сохтаву бофтаанд; ҳеҷ кадоме моро дўст набошанд; зеро душман дўст нагардад ва ишкамба гўшт. Халқ доно-а, Ҷосу? Доно! Ман кайҳо боз бо ту сўҳбат накардаам; пазмонат шудам. Ту ягона дўсти манӣ аз миёни дўстон! Туро пур кор фармудам; қасрро сохтӣ, муҷаҳҳаз гардонидӣ. Худи ман чанд гоҳ носиҳҳат будам; беҳуда ба он Росу-душман усули қатли хешро бор кардам – ба бало печидам.
— Боз як Росу ба қапқон афтода, илоҷи раҳойӣ наёфта, пойи худро аз зону ғўла карда, сепоя гурехта омадааст; пайи хунаш аз худи қасри шоҳӣ то дижи нав.
— Ҳаром кард ҳамаро?
— Тоза кардем. Касе чизе пай намебарад. Аз болояш хокистар пошидем. Лекин Росу нокор!
— Қаҳрамон эълон кунед ўро!... Аз худамон ё бегона?
— Як чашмаш ба худамон монанд, чашми дигараш бегона.
— Чун?
— Сохта, шишагӣ!
— Ба дор кашед ўро! Макру ҳиял! Одам дасту пойи худро зинда ба зинда хоида ғўла карда наметавонад! Медонӣ, чӣ қадар дард мекунад? Ин кори душман! Ту худат дидӣ, хоида ғўла карданашро ё ба ту гуфтанд?
— Худаш гуфт.
— Мегўяд-дия! Як мўйи баданатро кан, ки чӣ қадар дард мекунад. Ўро махсус тайёр карда, фиристодаанд. Шарт нест, ки ман ўро бинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор