Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Духтури ҳайвонот – байторро гир. Як пизишки муоинаву экспертро низ гир! Тафтиш кунетон, санҷетон! Аз натиҷааш маро огоҳ кардан шарт нест. Агар хунаш бегона бошад; заҳролуд бошад; андарунаш мина ё ягон чизи тарканда дошта бошад, парронед! Даҳ қадам, не! Даҳ қадами мо чӣ? Сад қадам дуртар монда, аз чашми бегонааш парронед, ки дар он апаратҳои аксбардорӣ дорад. Ё аз чашми худаш парронед, сонӣ санҷида мебинем, ки чашми дигараш чӣ чашм аст. Чашми ҳооо он ҷосус барин яке сабзу дигаре сиёҳ нест?
— Не, ба назарам.
— «Не, ба назарам». О шумо чӣ хел ҷосусу вазир, ки ҳоло ҳам хаёлӣ кор мекунед. Дақиқу аниқ санҷида ва гуфта наметавонед, ки дар олам чӣ корҳо шуда истодааст? Ҳатто намедонед, ки онҳои дар тори сари мо буда чӣ корҳо мекунанд; намедонед, ки онҳо чӣ нақшаҳо доранд? Намедонед, ки ҳама зўру нерўяшон ба несту нобуд кардани мо равона шудааст ва ё корҳои дигар ҳам доранд?
Масалан: саноаташон кор мекунад, деҳқон дона мепошад?
— Деҳқон дона пошидан мехоҳад, аммо надорад. Андаруни зарфҳои бензинкашонӣ аз мамолики дигар тухмӣ оварад ҳам, дар як шаб тамом мешавад ва айб ба гардани мо – мушон бор мегардад. Агар ягон бағиёми доғулӣ дар шикамаш донаро ба ҷо карда, сонӣ ба замин пошад ҳам, аз зери хок он донаро кофта меёбанд.
— Ҳамон донаи ҳаромро?
— Барфу борон мешўяд, хок мемакад, офтоб месўзад, бод мебарад, тоза мешавад.
— Ту доно, Ҷосу! Куҷоро тамом кардӣ?
— Худодод.
— Чўпонҳо барин. Онҳо молро нағз мебинанд; дарду дармонаш ва чӣ хўрданашро хуб медонанд, ки ягон байтор намедонад. Олимон аз рўйи гуфтаҳои онҳо амал карда, китоб менависанд...
Берун мағал шуд. Посбон ба дар омад.
— Олампаноҳ! Қаҳрамон «ба қадри ман намерасанд» гуфта, қаҳр карда рафт!
— Нагардонидед?
— Вай қаҳрамон бошад, пеши роҳи ўро гирифта мешавад?
— Вай қаҳрамон чӣ хел гап мезад?
— Одам барин!
— Ту-ту мегуфт ё шумо-шумо?
— Баъзан ту, баъзан шумо.
— Худата чӣ мегуфт?
— Ту!
— Баргардонед! Саҳв шудааст, вай – қаҳрамон аз худамон!
Сўҳбати Росуву Ҷосу тамом нашуда: «Баъзан мо кадрҳоро насанҷидаву надониста меранҷонем; ба худамон душман зиёд мекунем...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор