Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Сахт маккору қаллоб будааст ва аз тангдилӣ он рўзҳо назди табиб омада, ки даму нафасаш мадад кунад.. Ёрӣ надод.
Аммо худи табиб ҳисоботи умр диҳад: «Ҳамин ҷо?» «Не». «Ин ҷо? Ё ана ин ҷо? Дард мекунад? Месўзад? Хориш мекунад ё… А?»
Ангуштони табиб мепалмосид буни гўшу гардан, рухсораву гирди лабон, даруни гиребон – сари китфу сина. Ҳаловатро танҳо худаш пай мебурд. Аммо занеро форад, ғиҷини дигареро меовард: «ин чӣ хел табобат?» «Ҳамин хел, бону. Ана дар ҳамин ҷо (бо нўги ангушт соида) сурати маро монда хоб меравед ва пагоҳ омада хоби дидаатонро мегўед. он тарафашро мебинем. Бояд ҳамааш хуб шавад…». Ҳолиё табиб рўйи бистар, ҳуш ба ҳар чизу ҳар ҷо, мадори ҷунбидан надорад. Ёддошт навиштанӣ буд; ком бардоштанӣ буд; ба хидмати бисёр касон расиданӣ буд, нашуд. Мундаву мутта хобад: монанди кўзаи гарданшикаста, монои тулум, ҳамсони тути каллак. Шиками омосӣ, гардани кўтоҳ, гўшҳои андаруни гўшт монда, чашмони кўрмушӣ ва буруту риши риндона шакли одам доштани ўро аён созанд. «Дина ҳаво бад буд; бўрони магнитӣ… Худро маҷбур карда «Чилқоф» хондам. Сурати «Айнӣ»-ро биёред, гуфтам. Лозим набуд. Аз тавонам зиёд зўр задам. Тори нозук бигусаст…» Аз ҳуш рафт: чунин боварӣ, ки риштаи асосӣ канда шуд, беёд кардаш.
Хаёле садоҳо ба гўш расанд: садои коғаз, садои чўб ё хоидани нони қоқ; шояд садои чормағз сўрох кардан ҳам бошад.
Фарқ карда натавонад; зеро чун дигар аъзои бадан гўш низ нерўи шунавойӣ надорад. Базўр шунавад хишир-хишир. Ё асари сариру садои шабони пешин дар гўш монда; шояд ёдаш ояд.
«Инак бояд хўранд...» Чун ба ёд омад чунин андеша? Надонад.
Шояд аз тарс майна хона равшан карда бошад. Ў сахт тарсида буд аз мушони одамхор. Зеро бисёр афсона шунида буд; натиҷааш – чӣ кирдор кардани мушон бо сурати сарҳангонаи ў буд.
Ў як навъ огоҳӣ пиндошта буд чунин ҳодисаро: «Дар замони қаҳтиву гуруснагӣ ҳар чизро чашм доштан мумкин». Пасмондаву афкандаи рўйи хонаро дида, гуфта буд. Хиҷолатманд мегашт, ба пирхона омадану наомаданро намедонист. Сеанс мисли пешин азму ҷазм надошт: садояш паст буд ва зиёдтар арақ мерехт: «Дареғ...» Пеш аз ҳуш рафтан андар сараш буд ин ҳарф. Хаёле ба худ омад, ки боз ҳамон ҳарф: «Дареғ...» Валек равшан набуд, ки чунин таассуф аз чист? Шояд ҳарфи анҷому хулоса буд ва ҳама чизро шомил буд. Монанди гунбад; мисли чодари тира ва офоқи ғуборӣ, ки ҷаҳон зери хеш пинҳон медошт; аниқтараш, мисоли деги азими сиёҳи воруна, ки дар зер чизе аён набуд. «Наход...»
ин ҳарфро ифода карда натавонист, балки аз зеҳн гузашт... Сонӣ муш халал расонд; дар паҳлуи рост ҷондоре ҷунбид. Лек дасти беҷон газидани ҷондори дигарро пай набурд. Чун хаёлу шабаҳи нозеби мушон ва овозаву зиёнашон дар сар мондааст, боз тарсид ва талвосаи хестан кард, натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор