Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ана ҳамон одам меояд, ки тайёрии депутат шудан дорад.
Замони чунин нокасон расидааст. Дунёро бояд дигар кунанд.
Охир, ин дунё он қадар кўҳна шудааст, ки бо таъмир кардан ба ифоқа ва ё намуди хуб оварда намешавад. Бояд дунёи дигар сохт.
Ана ҳамин касон дар тарадудаш ҳастанд, аз нав созанд. Бозсозӣ кунанд. Лекин бозсозӣ оламро дигар карда наметавонад. Шўр меандозад. Олболую сияҳолуҳо ва зардолуҳо, шояд шафтолуҳо, сари кор оянд, лек онҳо ҷуз ғами хеш ғами дигареро намехўранд.
Оламро пора-пора ҷудо карда гирифтанашон мумкин, аммо тарҳи нав, асоси нав, буну бунёди нав гузошта наметавонанд. Ин ҷаҳон як бор офарида шудааст. Вале подшаҳонашро ҳар гоҳ, ки хоҳад, дигар мекунад. Акнун навбати шоҳии онҳое, ки мактаби дунёдориро наомўхтаанд. Худоё, амон деҳ! Пойи чунинонро кишан андоз, то ба коху кўшку қасру ҳисор ва шодурвону тахту маснад нарасад!
Онҳо оҳиста-оҳиста пой бардоштаву пой ниҳода, дидаву дониста чунин гашт доранд, то дарак аз бузургиву намояндагии хеш диҳанд. Бехабар аз он, ки Абдуҳамид онҳоро хубтар аз худашон мешиносад. Асари шиша ҳанўз ҳам боқӣ буданашро гумон мекунад. Вале намедонад, ки инҳо дар бораи ў ҳолнома нависанд, чӣ менавишта бошанд? Як чизаш равшан: «Думи сагат каҷ!»
Воқеан имрўз сагҳои мол ниҳоят орому боодобанд. Тарафи меҳмонони нохонда ак ҳам намегўяд. Онҳо бори нахуст чунин маъниву адаб омўхтанашонро намоиш медиҳанд. Вагарна чўпонҳо ё мудир Абдуҳамид ёд надорад, ки ягон касро чунин хуш пазируфта бошанд. Ягон кас ба тарафи мол ё ҷониби қўш ояд, молро монда, аз чанд нуқта баробар фиғон бардошта, думҳои бурида қарқара, гўшҳои бурида таранг (агар нобурида бошанд, сих мешуданд), лабҳо аз ғазабу ситез чинбаставу обшор ва дандонҳо гиз, бо ғазабу ситез ва шўри беандоза омадаро пазиройӣ мекарданд ва касро ангу гаранг ёбанд, даҳону дандон ба либос ё банди пой, ё думбаву думғозаи меҳмон мезаданд. Киллаи сиёҳ вазифааш қўшбонӣ буд. Аммо имрўз қатори дигар сагон бо мол рафтааст; ҳатто кучуки каллакалони ҳоло барф пахшнакарда по ба пойи чўпон мегардад. Сагҳо имрўз хидмати сагонаи хешро адо накарда, дар кадом мадрасаи сагона таълим гирифтагӣ барин ҳар ҷо-ҳар ҷойи адиру ёна чукка зада нишастаанд. Ё тамошо доранд ва ё ин ҳайвонҳои зирак кадом пешомади нолойиқро бў бурдаанд, ки пешхезӣ намекунанд. Балки чун сарбозони фидойӣ кадом амр, фармон, ё ҳамлаву ҳуҷуми сипаҳсолорро нигаронанд.
— Саготон одам шудаанд, ако! – ба ҷойи салому алек фармуд Олболуқул, ки ҳама умр ба ҷойи салому пурсупос чунин чизҳоро пеш оварда, диққати соҳиб ё каси дучоромадаро ҷалб кардан мехост.

пешина
аз 378
навбатӣ