Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Абдуҳамид вазнину ботамкин ба пешвози меҳмонон қомат рост карда «Ҳааа» гуфту монд. Вале дар сар андешаи дигар дошт:
«Мо, ки одам нашудем, саг одам шавад.»
Магар чунин андешаи ботинии ў ба аспу хар маълум шуданд, ки баробар гўш сих карданд, сар такконданду афшонданд. Асп сайҳа кашид ва гўшдароз ҳанг зад. Сагҳои омода ба фармон аз чунин бонги изтироб задани маркабҳо чӣ хатаре дарёфтанд, ки якбора баробар фиғон бардошта аз баландӣ ҳуҷумовар шуданд.
Рост ба қўш ҳуҷум овард киллаи сиёҳ, ки кучукчаашро мерабуда бошанд. Кучукчааш ҳам ҷик-ҷик карда ҳамин тараф тохт. Абдуҳамид даст афшонда ва тур-тур карда онҳоро аз роҳ гардонданӣ мешуд. Аммо тарғилу кабуд, ки мислаш кам дида мешуд ба ин ранг, ҷониби дуди сигарети Нозим ва ронанда равон шуданд. Ба ҳеҷ тур-туру сиёсат онҳоро гардонидан имкон надошт. Ронанда ҳар замон ба замин хам хўрда вонамуд мекард, ки санг гирифта ба онҳо мезанад. Аммо сагҳо медонистанд, ки ин замин санг надорад, оби даҳон кафк кунондаву аз зўри нафас пош дода наздиктар меомаданд то даҳан андохтан. Чўпонҳо аз боло «баҳ-баҳ!» гўянд ҳам, аз роҳу азми кардаашон намегаштанд.
Нозим Тайиби пурдида оташафрўзакро чахмоқ зада дар гиронд ва хам шуда миёни хасалафҳо дошт, то оташ гирифта ин сагҳои аз гўшт серу даррандаро гурезонад. Лек ин кори меҳмон алами нуҳуфтаи ононро тоза кард.
Абдуҳамид нафасгардон тохт, то хашми сагони шўридаро танҳо бо «хаб-хабу ҳаад...ҳааад!» фурў нишонад. Зеро ин одам дашному ҳақоратро намедонист, ҳамин хел муомила мекард. Ў хислату феъли сагонро ҳам медонисту дилу нияти меҳмононро ҳам. Медонист, ки сагонро бо сиёсат ва ё бо сухани хуб аз ин роҳ гардонидан имкон дорад; вале ин довталабҳои дар дилашон аз ин сагҳо хашмитарро бо ҳеҷ чиз аз роҳи азм кардаашон гардонидан имкон надорад. Боз медонист, ки як моддаи санад аз «ангехтани мудири Хоҷагӣ сагонро ба намояндаҳо» иборат мегардад ва то худписандиву ноҳурматӣ ва душманиву қасду қасос ном мебардорад. Ва хулоса мешавад: «Мудир дилу нияти тоза надорад ва мақсаду муродаш бойи замони нав шудан аст.» Онҳо медонанд, ки барои кумитаи партиявии ноҳия, барои вилоят ва марказ ҳамин хел чизҳо лозим аст. Зеро чунин воқеаҳои ашхоси худписанд ва худро ҳокими мутлақ эълон карда, аллакай дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва республикаҳои бародарӣ на танҳо китоб, балки кино шудаанд. «Инҳо медонанд ва метавонанд чӣ оҳанг додану чӣ навиштанро».
Як ҳарфи дигар дар дилаш монд Абдуҳамидро, ки ба Олболуқул гуфта натавонист: «Нафасат хунук будааст, бачча...»
«Ана акнун пурра шуд...» Айнан андешаҳои Абдуҳамидро аз дил мегузаронд Нозим Тайиб, ки як чизи дар ин маъракаи муҳим намерасидаро сагҳо пурра карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё