Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Зеро ў ҳарчанд майнаи надоштаашро об мекард, ки аз чӣ сар кунад «ҳолнома»-ашро, намедонист. Молро камомад ё «камбуд» гуфта навишта наметавонад, чунки мол аз андоза ва саршумори дар ҳуҷҷатҳо нишондода зиёд. Зиёд, «ин одам бой» гуфта менависад ва бурҳон меорад, ки агар бой намешуд ва худписанд намебуд, намояндагони партия ва ҳукуматро гули зағир барин ҳурмат мекард, ин корро намекард:
яъне кучукҳои чўпониро ба мо, яъне ман – Нозим Тайиб, раиси Народний контроли шаҳри Панҷакент, мўҳтарам Олболуқул Ризоқулов; намояндаи ташкилоти Партияи Коммунистии шаҳр; мудири шўъбаи хоҷагии қишлоқ – Гадобой Дўстбоев ва ронандагони мошинҳои моро зарра ворӣ писанд мекард, даҳони кучукҳояшро мебаст; гиркиш намедод. Одами ғироми дилсиёҳ, дилаш-ба кина мегирифтагӣ, дарун пури бухс будааст ин мудир.
Вақти омаданамон бо мо саломуалек ҳам накард. Як пиёла оби худододро наҷўшонд. Мо намегўем, ки гўспанд накушт: аввалаш, ин корҳоро партия манъ кардааст, дуюмаш, мо гўспандхўрӣ наомада будем. Лекин кас ба қадри худ месўзад. Боз шон ҳамкору ҳамнишину ҳамкасби мо; дербоз мешиносем. Худаша ноошно, ношинос мегирад. Дар бораи Хоҷагии ёрирасон, мол, камбудиҳо чизе намегўяд. Ҳатто моро намепурсад, ки барои чӣ омадед.
Худо ҳамин хел касонро ҳам мезоидаст-дия... Ман ҳам қасдан чизе намепурсам, чизе намегўям. Дастҳо дар киса тамошо мекунам. Канӣ бинам, чӣ мешавад. Ба рама ҳам менигарам. Чўпонҳо як бўлак молро ҷудо карда, не, дуздида ба куҷое бурданӣ, лекин аз ман метарсанд. Барои он «аз ман», ки дигарон – контролу намояндаи партия навакак омаданд. Ман намефаҳмам, ки чӣ лозим буд омадани онҳо. Шояд ба корҳои ман халал расонанд.
Аллакай як халал шуд: бино ба гуфтаи ронандаашон Олболуқул нафаси хунук карда «Саготон одам шудаанд» гуфтааст ва сагҳо «Ин меҳмон моро таҳқир кард» гуфта, ба мо ҳуҷум карданд. Акнун намедонам, ки айби ҳамин Олболуқул-мӣ? Ё айби мудир-мӣ? Зеро гапи Олболуқулро нашунидаам, гиркиш додани Холиқуфро надидаам. Гумон. Лекин ман медонам, ки партия ин хел гумонҳоро хуш надорад, ба вай факти қотил қатӣ дайн кардан лозим. Набошад, сари худи одам ба бало мепечад...»
Вале андешаҳои танҳо ба худи ў хосро балойи дигар парешон кард: боз хасҳо оташ гирифтанд. Нозим Тайиб он сў нигариста гавҳараки чашмаш дар як он даҳ маротиба кушод шуд ва даҳони возаш хушнудии онро ҳувайдо сохт, ки мателиали менавиштагиаш пурраи пурра шуд. Зеро ин кор такрор намешуд, тўҳмат ё тасодуф ҳисобидани калоншавандаҳо мумкин буд. Ҳоло ҷойи гурез нест.
«Агар гўянд, ки Нозим Тайиб хасҳоро дидаву дониста аз сигаретдаргиронакаш алов сар дод, ман мегўям, ки маҷбур шудам, барои кучукҳои қасдан гиркиш додаи мудир Абдуҳамид оташакро дар гирондам, ки кучукҳои аз гург ҳам батари ў гурезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё