Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў гумон карда буд, ки аз офариниш то имрўз Давлате пайдо шуд, ки ба қадри меҳнати кас мерасад; партияе арзи вуҷуд кард, ки сиёҳро аз сафед ва мўйро аз хамир ҷудо карда метавонад. Одамӣ, ки аз рўзи ба ҷаҳон чашм кушоданаш орзуи адолатро дошт, дар ҳамин замон дарёфт. Ҳолиё ин намояндагон чӣ корҳо мекунанд аз номи партияву ҳукумат, касе сарфаҳм намеравад. «Кевидааст. На танҳо кўҳҳову теппаҳои ин сарзамин кевидаасту ламидааст, балки ҳама чиз амонат меистад ва муаллақ ва кадом риштаи девазада ҳамоил андар сари миҷгон, ки чу теғи тез гавҳараки чашмро ду тақсим мегардонад. Як девбод ё тўфонро нигарон аст: он вазида-новазида, ҷўшида ё наҷўшида ҳама чиз резад ва ё пош хўрад.
«Минбаъд ҳам бо чунин касон сару кор медошта бошем?»
Ў ягон чизро надида, овозеро нашунида, хеле андеша ронданӣ буд. Ба таври худ; аз рўйи фаҳмишу дониши худ таҳлил карданӣ буд дунёдоронро. На. Офаридгор ё соҳиби оламро на. Ана ҳамин қабил касонро, ки ҳоло ҳама чизро соҳиб шудан мехоҳанд ва касе намедонад ва пай намебарад, ки ин қадар худро дар боргоҳҳо, дар курсиву маснади баланд ва коргоҳҳои олӣ задану ҷойгир
1 кардани ин чатишҳо чӣ маънӣ дорад? Тақдири одамони ҳалол ба дасти чунинон меафтад; рав, ки баҳор.
«Мо се тан мондем аз он кўҳнаҳо: Офтоб, Саманд ва ман...
Офтоби ғуруб ниҳоят пир метобад ва хеле хаста (шояд ин нигоҳ аз хастагии ман бошад). Зеро ҳеҷ муҳаррик ё махлуқ, ё ҷонвару ҷондор ба зайли Офтоб кор карда наметавонад. Аз ин рў, рафтарафта дар қуллаи охирин мадораш (ба назари ман ё мисли ман ё ҳамчун Саманди пир) хушк мешавад; илоҷе карда хешро паси девори Олам фурў медиҳад ва худ орому осуда гашта, дам гирифта, арўси тоза барин сабук, чолок, зебо ва хандон аз паси девори хеле ва хеле баланди Машриқ рух менамояд. На! Ҳамчу тифли навзод
– тоза, пок ва дилкаш. Ягон ғубор надорад. Чунон нерўманд, ки ҷуз Худо кас надорад чунин нерўро. Аммо ману Саманд рўзафзун мадори танамонро гум мекунем...
Офтобо! Ту поянда бошӣ! Агар туро накушанд, дунё як ҳамсафари ту ҷовидона мемонад. Ман шодам, ки ту ҳамсангу ҳамвазн надорӣ, ки кина гирад ба ту, ҳасад барад. Аз ин рў туро кушандае набувад дар Олам. Ту бемаргу анўша хоҳӣ монд. Касеро, ки туро сохтаасту бар лаълии заррин бардошта мегардонад, сари суҷуд меоварем! Танҳо ту наздики наздик ҳастӣ ба Офаридгор.

  1. Дурага Ба ту касе кор надорад, Офтоб!
пешина
аз 378
навбатӣ