Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале шаккокҳое пайдо шудаанд, ки Оламро тарҳи тоза андохтанианд. Ба пиндори худашон «Бозсозӣ» карданӣ. Ба баъзе ҷойҳои футуррафта ва дарзовардаи ин Саройи Дудар гил ё гаҷ андуданӣ ва ё рангҳои ҳархела, то даъво кунанд, ки дунё сохтем – дунёи нав. Акнун ҳама корамон ва коргузориамон дигар мешавад, ҷойҳои корӣ ҳам ба ҳар кас намерасад. Коргарҳои кўҳна ҳама ба истеъфо ва истироҳат мебароянд! Чунки одамони нав ба сухани мо гўш намедиҳанд; онҳо аз рўзи ба ин дунё омаданашон ҳамин чизро нигарон буданд. Зеро Оламе, ки мо зиндагӣ дорем, бобову бобокалон ва баъзан падаронро сахт ба ҷафоҳо кашидааст. Ҳозир даъво ҳамин. Ману Саманд барин ҷондорон, ки дар умрашон даъво ё талаб ва ё шикоятро намедонанд, куҷо мерафта бошанд? Оё ин ҳама рост аст, Офтоб.
Ту аз он баландиҳо ҳамин чизҳоро дидайӣ ё шунидайӣ? Агар рост бошад, яъне, чӣ? Ин дунё чун қаср бувад, ки аввал асосу бун сохта, пасон бар он хишт гузоштаанд? Агар ҳамин тавр, онро одам сохтааст ва хароб карда аз нав сохтанаш аз дасти инсон меояд?
Вагарна ҷуз гумроҳӣ коре нест нақшаҳои навсозии одамон.
Баъди шодон рух намуда, Оламро мунаввар сохта, ҳамаро масруру хуррам хостанат, дар рўйи Замин акси хостаҳоятро дида, худатро аз он баландии Мағриб афканда дар чашми махлуқи гетӣ бо ҳазор аламу дареғу афсўс худкушӣ мекунӣ-ку Офтоб, дилам ба Саманди ҳамрангат месўзад. Худамро гунаҳгори азим ҳисобидам:
Ман ба ишкели пойҳои ў менигарам, ки худамон андохтаем; худамон он бечораро, ки на ҳанги ба гала рафтан дорад ва на пойи гурез, ба чунин ҳол овардаем, ки дур рафта дар ягон ҷару ҷўй афтида монад, дар ҷустану пайдо карданаш овора нашавем.
Вақти сўйи гала рафтанаш гузашт. Он вақт аз тори мўйи ў равған мечакид. На ҷарро писанд мекард, на ҷўро. Ва на роҳи дуру наздикро.
Вале ҳоло он қадар пири фартут метобад, ки мулло Одинаи садуяксола ҳам ин қадар лоғар, хаста ва қабурғаҳояш қолабгирифтаи рахдор нест. Ба назар, ана ҳамин ду ҷондорро баргашта ба аслаш овардан лоимкон аст. Ба мулло Одина ҳар қадар доруйи дармон диҳӣ ва ҳар қадар хўроки болаззату сабук диҳӣ, тамоми нозу неъмати дунёро муҳайё созӣ, ба аслаш гардонда наметавонӣ.
Самандро ҳам; ба аслаш ё давраҳое, ки миёни деҳаи Панҷрўд гардад, замин меларзид ва садои сумаш овозу шарфаи рўдро пахш мекард, бо ҳеҷ тадбир ё чора баргардонида намешавад.
Ҳатто даҳ вақт йем диҳӣ ва охур баста тарбият намойӣ ҳам, чу-
1 ноне ки ҳоло ҳаст чўгур мемонад. Дар хўрокаш тамоми дорўҳои
- Аспи хароби боркаш ё савора нерўбахшро омехта парвариш намойӣ ҳам, он нерўе, ки замони ду касу се касро пуштора карда то Мушистон, то Арчамайдон, то Кўли Калон, то Уреҷ, то Саратоғ, то кўли Аловиддин мебурд, бурда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё