Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин ин корро накард, ки Саманд аз паси ў кашол шуда, дар ягон ҷару ҷўй парида мемирад. Гоҳи сўйи мошин равон шуданаш аз пасаш сайҳа кашида, чанде пеш ҷаҳид Саманд ва ў шод шуд, ки завлонаро аз пойи ҷонвар накашид..
Раҳораҳ ният карда буд, ки сари қадам ба идораи геология даромада сардор – Боймуродро мебинад ва маслиҳату машварат мекунад. Зеро ҳамсолу ҳамнишасту ҳамсўҳбати хуб, инсони нек ҳам ҳаст Холмуродов. Чун аз Ҷиззах то Панҷакат сар кафонда фикр карду хаёл, баробари ба шаҳр ворид гаштан ба хулосае омад, ки назди ў ҳам надарояд. Зеро ў ҳама чизро медонад, лозим донад, фарёдаш мекунад. Ё кас фиристода наздаш мехонад. Ба пиндори Абдуҳамид як зарра аз вай ҳам гузаштааст, ки муфаттишони ба тафтиши корҳои идораи геологӣ омадаро ба Хоҷагии ёрирасон уреб кардааст. Абдуҳамид ҳам бисёр на, як зарра гиламанд. Аз дўст – гила, аз бегона – сила...
«Ҳаминҳо аз сари одамӣ мемонад, аммо худи одам намонад:
фаношаванда. Пас, касон чаро ин қадар гирўдор мекарда бошанд?
Магар мурдан воҷиб нест? Агар кас омадану рафтанро донад дар ин олам, пас чаро зиёд нокасӣ кунад? Қабристони деҳа талу теппаҳоро фаро гирифтааст. Кас намедонад ин гўристони чандум аст. Ба донистаи ман як хонаи падариам чӣ қадар касро гунҷонду мегунҷонад. Вале дар он баландӣ ду мурда дар як гўр ҷой намегирад. «Гўр ҷудо, гўрхона ҷудо» мегўянд. Гумонашон, ки дар ин дунё ҳам хонаву дарашон ҷудо бошад, дар он дунё ҳам. Аммо баччаҳоро вақти ҷудо карданашон шудааст, бояд ҳар кадом аробаи хешро кашад. Хаёл карда будам, ки ҳар кадоми онҳо ҳуқуқе ба манзилу ҷой доранд. Ба қавли Очил ман бояд барои онҳо дар кўҳу камар хона кунам. Зеро ман аз он ҷойҳо чизи гум накардаамро мекофтаам. Бештар тилло пайдо мекардаам аз дили кўҳ. Ба донистаи онҳо метин мезанӣ, тилло ба сони ангишт аз қабати хок варақ-варақ мехезад ва геологҳо ин чизи худододро тақсим карда мегиранд. Фикри ҳар кас ба қадри дониши ўст. Очил ҳам хаёл дорад, тиллоро ҷамъ кардаам. Аз лаби он андак ба ў диҳам, заминдор мешавам. Беандешагӣ аз ин зиёд намешавад. Наход ақаллан надонад, ки тилло аз сангу регу хок мерўяд. Ҳатто ин чизҳоро бо нури чашм аз якдигар ҷудо кардан имкон надорад. Надида будааст-дия заршўйиро. Касони заршўй ин корро касб медонистанд ва роҳу усули бо пўстаку намад зар ҷудо карданро омўхта буданд... Тиллодориро рўзе мис хоҳад баромад.
Корҳое, ки онҳо мекунанд, низ рўзе рўйи об хоҳад омад. Ман ба ин чизҳо ва ба нокасиҳову пастиҳои эшон коре надорам, лекин ба миш-миши баъзе касон об аз сар лой шудааст. Касоне пайдо шудаанд, ки қасдан ва ё аз рўйи нафс ба сохту замону партия ва ҳукумат бадномӣ овардан мехоҳанд. Ва онҳо дар пастхамиҳо ҳам гумоштагони худро доранд, «гўр сўзаду дег ҷўшад» мекунанд.

пешина
аз 378
навбатӣ