Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агар ман ҳам мисли эшон мебудам, бо онҳо созиш мекардам, валвала мебардоштам. Феълу хўйи маро, ки медонанд, чизе гуфта наметавонанд, шарту шароити заминдиҳиро намегўянд, баҳона пеш меоранд, ки «дар дафтари хоҷагии колхозӣ нестам». Вале таги гап дигар... Пас ман бояд ба ҳамин саро кўчам ва хонаи бобойиро ба писаронам гузорам, ки барои ҷой гўшти якдигарро канда хўранд...
Вале ин балойи аз миёни дасту пой баромада ҳамаро ба гирдоб меандозад. Албатта ленинчиёни навбаромад ҳар кор карда метавонанд. Ман ҳам мисли онҳо рафтор кунам, виҷдону имонамро ба як пули пучак фурўшам, соҳиби ҳама чиз мешавам. Шукр ҳам мекунам, ки соҳиби чизҳои ҳаром-ҳалол нашуда, соҳиби меҳнат гаштам. Вале метарсам, ки рафти замона ва нияти одамон чунин бад бошад, ин корҳои ба ҳазор машаққат ободу сомон карда зери як қабат рег мемонад ва кофта ёфтанаш бостоншиносонро осони осон мегардад.(Албатта хеле дер мешавад.) Он гоҳ онҳо як чизро дарёфт кунанд, китобашон заррин мегардад: «Бар санг ҳам тухмӣ сабз кардан имкон доштааст». Ман чун онҳо валвала, шаттоҳӣ ва беобрўйӣ карда наметавонам. Ҳар чӣ ҳаст дар дилам.
Қозии мутлақ дар тори сар бувад. Ба ў чӣ ҷавоб мегўйӣ; агар бад бошӣ ё нобакор? Метавонистам худи ҳамон вақт аз дунболи Нозим Тайиб сарнишеб шавам ва рост ба кабинети котиби аввал Назар ё ҷойнишини ў Павлик дароям. Пурсам, ки ман чӣ кори бад ё хилофи фармудаҳои Партия кардам ва ин ҳама кирдорҳо чӣ маънӣ дорад? Зеро шамол набошад, барги дарахт наҷунбад.
Онҳо аз ин чизҳо бояд бохабар бошанд. Буд-набуд, ин масъалаҳо дар маҷлисҳои партиявӣ ҳаллу фасл мешавад ва сазову ҷазоро дар он ҷо мувофиқ ё шоиставу ношоиста медонанд. Вале ман раво намедонам, ки пешхезӣ кунам ва онҳоро нороҳат гардонам.
Чунин мулоҳизакориҳои ман аз ибтидо ҷурми нобахшиданист.
Аз аввал ҳар зарбу лат ё ҷабру ситамро ба худ раво донистам, ба ҷойи дигарон заҳмат кашидам, акнун подошро мебинам; ба назарам, сазояш ҳамон, ки ба худ раво медидам. Чунки моҳиро аз об бурун орӣ, бимирад...
Не. Ман ғалат кардам. Ман аз рўйи кору бори имрўза, ки номаълум чун хас рўйи об меравад, андеша меронам. Пештар хуб буд-ку? Ҷав корӣ, ҷав медаравидӣ, гандум корӣ, гандум. Вале чанд вақти охир бод аз самте мевазад, ки маълум нест. Об аз рўйи ях мерафтагӣ шудааст; кадом қуввае дамидааст, ки зери ях намегунҷад. Калонҳо низ бадният метобанд. «Як телешка беда фиристон!» Албатта таъсири Олболуқул барин касон, ки дар ҳар фермаву хоҷагӣ даҳ сар ҳайвон дорад. Аммо ба хоҷагии мо сар халонда натавонист. Лекин ишора кард...»
Мошинбуткаи «Москвич», ки чанги роҳро ба осмон бардошта меомад, андешаҳои ҷо-ҷо соярўшандори Абдуҳамидро пароканд, ки ягон бор ин хел фикрҳо ба сараш намеомад ва ҳатто дар бораи касе гумони ноҷоро гуноҳ медонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо