Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳри дили кас чунон кушода мегардад моҳи апрел аз чунин расидани сабзаҳо. Ў ба работ нарафт, ки подаву рамаро сарпаноҳ сохта буданд ва сарою оғил, говхона, гўсолахона, ҷойи алафкўбаку дастгоҳ, тарозухона, каҳдону алафдон ва ҷойи сепарати шир ҳам дошт. Ва шири ҳаррўзаро мошини махсус ба комбинати шир мекашонд. Аз он рўзе, ки заминро кишт карданд, ниҳол шинонданд, об бароварданд, чанд сол гузашт. Навниҳолон бор оварданд. Раҳгузари ягон бор ин санглохро дида, ҳоло бинад, гиребон медорад, ки дасти одамӣ гул аст. Валек Абдуҳамид ин сангзорро чунин гулзор дида, меҳнату заҳматаш аз пеши назар мегузарад (ин чизро ягон бор ёд ё миннат накарда), худ аз худ хориаш меояд, ки булаҷаб аст ин дунё. Ва зуд рад мекунад, ки дунё дар зоти худ ва ҳастии хеш айбе надорад. Ҳар айбе ҳаст, аз дилу ният ва дасти каҷи одамон аст.
Абдуҳамид бо касе дар ин мавзўъ – шикоятбозиҳои пешомада гуфтугузор намекунад. Аммо худ аз худ воқеоту кирдорҳои дар ин шабу рўзҳо рухдода пеши назар меоянд ва андар мағзаш гирду вирд мегарданд ва намегузоранд, то ў озодона аз пайи кору бор шавад. Тамоми шаб хобаш набурд. Баъди шабчаро бурдани мол зиёд андешид ва сахт ташна монд. Тахмин чӣ қадар обе, ки дар чобаву кўзаҳо буд, хўрд, аммо ташнагиаш нашикаст. Чизе, ки аз ҳама бештар парешонаш кард, қисмати Саманд буд. Аз нигоҳи ў коре, ки Саманд кард, на инсоне кардааст ва на ягон ҳайвоне.
Оқибаташ маълум. Дар сари як наъли шалақу ворафта мегардад.
Қабурғаҳои ранги қафаси кўҳна роғ-роғ гаштааш дили ошноро реш-реш карданд. Баъд дар зери осмони ситорабор дуру дароз андешид, ки оқибати заҳмати коргар ва хидматчӣ то куҷо мерасондааст. Ва шояд ин қадар «коргару деҳқон» гуфтани даҳо аз нодонӣ набошад. Ў зиёд дидаасту мушоҳида кардааст ҳолу рўзи пролетарро. Ҳолиё Саманди бодпоро кушта, гўшташро хомталош кунӣ ҳам, касе ба дег намеандозад. Пирии инсон ҳам чунин бояд бошад. Ҳастанд касоне, ки аз нишастан бо пирони фартут ҳазар мекунанд. «Бо дасту пойи бутун, бо обрўи буда бигир... Вагарна кас хору зор мегардад.» Бо чунин ният Абдуҳамид чашми рўз кафам – накафам хеста назди Саманди ҳанўз ҳам аз хасалафи чарогоҳ ва гашту гузори зиёди мол бўзада сер нагашта, омад ва дасти чапи онро бардоштаву қат карда наълу сумашро хабар гирифт.
Ҷонвар сар ба паҳлў гардонида соҳибро бўй мекашид. Ў ҳам суми асп рўйи кафи рост дошта бо дасти чап сару гардан ва ёли онро навозиш кард. Сонӣ наъли як тараф овезонро дошта, сахт тоб дода бо мехаш кашида гирифтанӣ шуд. Сари мех аз сўрохӣ набаромад.
Наъли неш қатгардонидаи наългарро ба кадди кавшак хобонида, қату рост карда, бо зўрӣ шикаста гирифт ва оҳиста суми онро ба замин гузошт. «Завлонаро ҳам бояд гирифт. Ҷонвар мадори гурез надорад».

пешина
аз 378
навбатӣ