Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«То дард накунад дил, надонӣ, ки дилат ҳаст». «Москвич»-и наботранг, ки ранги Самандро ёд меорад, сўйи работ омад. Ва паҳлўи мошини «Волга»-и сафед қарор гирифт. Касе аз он фуромада, гўё чизеро, касеро надида, дастонашро ба ду тараф кушода хамёза кашид ва даҳони калон кушодаашро пўшида, чашм кушода ба атроф нигарист. Бепарво менамуд ва ҳеҷ чиз барои ў аҳамият надошт. Рафторҳояш ва гуфти Нозим Тайиб «қилиқаш» ба кирдорҳои ҳамон касон монанд.
Ва калонигарии пучи Олболуқулро ҳам мемонад. Абдуҳамидро асбоби айёнӣ шудааст чунин рафторҳо ва пучро пурра нишон додани касон. Аз ин рў «аз ҳамонҳо» гуфт дар дил ва аҳамияту эътиборе надода, чанд қадам берун аз дами дарвоза рост истода ба омада менигарист, ки намешиносад, шояд роҳгум зада бошад.
Вале ў дастонашро пушт гирифта як сўйи Абдуҳамид нигарист.
Ўро хеле орому ботамкин ва беташвиш дарёфта, латтааш ба об афтидагӣ барин дилаш таҳ рафт, вале ба ҳар эҳтимол пой партофта пеш рафт. Чун хомўш наздик шуд, «Салом!» гуфта як дасташро дароз кард. Абдуҳамид ҳамчунон истиқбол кард ношиносро.
— Нағзед? – риши серўзаи Абдуҳамидро дида ў гумон кард, ки ғам дорад ва чизе дар дилаш намегунҷад. Зеро ин қабил вазифадорон, ки ҳар вақт назди калонҳо медароянд, ҳар рўз бояд риш тарошанд. – Нағзед? – боз пурсид аз сарриштаи суханро наёфтан.
— Шукр, шумо ҳам нағзед? Нашинохтам.
— Шумоҳо ҳамин хел-дия: намешиносед. Барои шинохтан калон будан даркор.
— Калонӣ намезебад ба мо.
— Неее. Мо бояд калоншаванда бошем, ки шумо шиносед.
— Ҳааа. Ба ин маънӣ гўед. Ба ниятатон расед.
— Раҳмат, раҳмат! Тинҷӣ, охи?
— Тинҷӣ, тинҷӣ...
— Шунидам, ки...
— Нафаҳмидам...
— Ҳамун ваё-дия. Рафтен, шумоя ташвиш доден...
— Кор. Кор накунед, касе ин сў гард намегўяд. Кор, ки кардед, ҳам ба чашм менамоед, ҳам ба чашм мехалед.
— Воҳ! Ана ҳаминаш дуруст: мехалед.
— Хўш, шумо...
— Ҳа, маро фиристоданд.
— Фиристоданд?
— Бале. Мошина дидед? Ин мошин ҳар ҷо намеравад. То «рав»
нагўянд, аз ҷояш намеҷунбад. Барои ҳамин шумо маро нашинохтед. Ман аз пеши худ ягон ҷо намеравам. Чунки мамнўъ ба ҳар ҷо рафтанаш. Мошини махсус. Пеш аз ин дида будед?

пешина
аз 378
навбатӣ