Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не.
— Чунки бори якум ба фулон хоҷагӣ рав гуфтанд.
— Хўш. Хизмат?
— Як бўрдоқӣ ё буққача лозим будааст.
— Нағз кардед, омадед, додар. Лекин мо мол намефурўшем.
— Не. Фурўш не. Ҳамту...
— Ҳамту? Барои чӣ? Барои кӣ?
— Чандин сол аст, ки ин хизматро ба ҷо меорам. То ҳол ин саволи шуморо ягон кас надодааст.
— Лекин додарам, моли мо ҳамааш баҳисоб. Дирўз ҳам ҳисоб карда баромаданд.
— О ман ба шумо чӣ гуфтам. Ман ҳамаашро медонам. Хаёлатон, ки ман аз пеши худ омадам? Неъ! Маро гуфтанд, ки рав, биёр.
Ман як фармонбардор одам. Ҳалқабагўш.
Абдуҳамид ин хел найрангҳоро кам дида бошад ҳам, бисёр шунидааст. Аммо яқину аниқ, ки намедонад, дудила буда ба ў ҳеҷ ҷавоби рўшан гуфта наметавонад. Баъзан-баъзан сар андохта ба хаёл меравад, ки бо ў чун муомила кунад.
— Мол ин ҷо нест, додарам. Сари мол меомадед, бе фиристодани ягон кас ҳам меомадед, якто не, дуто мола пушти мошинатон мепартофтам. Лекин дар ин ҷо бўрдоқӣ надорем. Моли шохдори калон, ки ба мошинатон ҷой намегирад.
— Эээ, мол бошад, як бало мекунем, раис.
— Магарам, ки каллааш ба буткаи шумо дарояду вазза карда баред.
— Ин хел ҳам мешавад, раис. – маънии сухани ўро нафаҳмида гуфт фиристода. – Лекин ин мошини мо безразмернӣ: резин барин васеъ шудан мегирад.
— Не, ин хел намешавад. Нозирони роҳ мошинатонро манъ карда...
— Нозирон ин мошинро мешиносанд, манъ намекунанд... Як шумо намешиносед.
— Минбаъд ман ҳам бинам, мешиносам.
— Раҳмат, раис. – Як навъ шодмонӣ кард, ки раис андаке моил гашт. Вале ў чизи дигар гуфт:
— Агар шуморо Калон фиристода бошанд, ман як не, чанд мол медиҳам... Ба ин мошинатон намегунҷад...
— Раҳмат, раис...
—...лекин шумо вақти омаданатон дар рўйи як барги пиёз барин коғаз нависонда биёред, ки...
— Ӣ-ӣ-ӣ... Ин хел нагўед. Фаҳманд, аз шумо сахт хафа мешаванд... Ман-ку намегўям, лекин аз шумо сахт хафа мешаванд. Ун кас як гап доранд: «Сару каллеша хўрад молаш. Сад дари баста, як дари кушода.» Ман намехоҳам, ки дари шумо баста гардад.

пешина
аз 378
навбатӣ