Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шумо ба он кас вазъиятро фаҳмонед, худашон ҳамаашро мефаҳманд. Вазъият нобоб.
— Шумо хаёл мекунед, ки ун кас намедонанд, аз ману шумо хубтар медонанд, лекин принсипашон ҳамин хел: «Набояд муш ё мўре аз ин сирр бохабар гардад.»
— Кори партиявӣ... вагарна...
— Шумо кадом калонро мегўед, раис?
— Мо як калон дорем-ку?
— Бале худи ҳамон кас.
— Калони калон.
— Бале, худи ҳамон кас.
— То ҷое, ки ман медонам, он кас бо миёнарав кор намекунанд.
— Бале, худи ҳамон кас...
Як фургони дигар омад... «Волга»-фургон. Он ҳам паҳлўи мошинҳои дигар қарор гирифт.
Соҳиби «Москвич» осема гашт. Ё аз соҳибони «Волга» ягон муттаҳамӣ дошт ва ё ягон балойи дигарро медонист, ки баробари аз мошин фуромадани ду нафар сар фарогўши Абдуҳамид оварда «Илтимос, онҳо ҳеҷ чиз нафаҳманд. Инҳо – кўчарияк. Гап дар даҳонашон хоб намеравад. Аз пашша фил месозанд. Хусусан ана он ҷўгибашарааш.».
«Дигариаш кӣ?»
«Як ҷўраи ҳамон ҷўгӣ. Кар – додари кўр».
«Нағз мешиносед?»
«Нағз мешиносам, раис. Онҳо саги бўйгир ҳам ҳастанд. Бўй баранд, ки гўсфанд куштаанд, ҳозир мешаванд».
«Рост мегўед, ин хел касон кам нестанд».
Дами ў дарун зад. Девори намкаш барин сухани Абдуҳамидро ба худ кашид. Чун медонист, ки ин ҷо аз барои нозу нуз ва ё хафа аз сухан шудан наомадааст, паси гўш кард ҳарфашро. Аммо чун маслиҳатгар таваҷҷўҳи ўро ҷалб карданӣ шуд:
«Илтимос, нагўед, ки Калон фиристодаанд...»
«Чӣ гўям?»
«Ҳеҷ чиз. Даҳани пўшида – сад тилло».
«Онҳо шуморо мешиносанд?»
«Намедонам. Шояд шиносанд; шояд нашиносанд. Чунки ман зиёд намегардам. Калон то рав назди фулон кас... Фулону фалон, нагўянд... Худо шоҳид, ман ҳарҷоравак не».
«Вазифаатон чӣ дар назди Калон?»
«Баъд! Онҳоро бинед, саллона-саллона меоянд... Дар хонаи очашон будагӣ барин. Бад мебинам ҳамин хел мағрурҳоро. Ҳамин ҷо-ку омада истойӣ, каттагиро бинед. Сигарети лабро бинед. Ёд нагирифтем ҳамин хел қилиқҳоро. Қилиқи хунук-а, раис?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо