Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳар кию ҳар чӣ. Як касро мезебад, каси дигарро намезебад.»
«Хоса ҳамун ҷўгиро. Худаш-ку дуд барин сип-сиёҳ, боз аз даҳону бинӣ дуд баровардан чӣ маънӣ дорад?»
«Ҳамин хел кунад, зуком намешавад.»
«Зуком намешавад? Зақум мешавад. Ман медонам, вай барои чӣ меояд?»
«Барои чӣ?»
«Талбанда онҳо.»
«Феъли саг ба соҳибаш маълум, гўед.»
«Ба ҳама. Худи шумо ҳам хуб медонед.»
«Ман медонистам, худи шуморо ҳам медонистам-дия...Намедонам-ку?»
«Минбаъд худатон ҳамаашро дониста мегиред».

— Раис, ин аз вай сигаретҳо не! – восўхтаи сигаретро туф карда, рўйи воти сангӣ, ки ягон-ягон хасалафҳои рўйида хушк шуда буданд, афканда, бо чунин ишораи бе салому алейк хешро ба Абдуҳамид наздик дониста фармуд Олболуқул ва чун мансабдорон дасти чап пушти бар ва дасти рост ба Абдуҳамид дароз кард.
Инчунин ба шахси назди Абдуҳамид истода хоҳам-нахоҳам даст ёзид рўю нигоҳаш ба дигар сў –эътиборе надода. Шахси дуввум ҳам муқаллиди ў, тақрибан чунин рафтор кард. Ҳарду ҳам фиристодаро ба эътибор нагирифтанд. Бадбинона буд рафторашон ва ё ўро дар ин манзил каси зиёдатӣ донистанд. Бо вуҷуди он Олболуқул гила кард:
— Як сари қадам даромада «ман омадам» ҳам нагуфтед.
«Ҳммм» гуфту монд Абдуҳамид. Худаш медонист маънии посухашро.
— Ин кас ҳамкори шумо, раис? – ишора ба «фиристода» кард Олболуқул.
— Не. Ин кас аз номи кадом Калон омадаанд...
— Ҳа, ин кас бо калонпояҳо кор мекунанд. Медонам.
— Чунки ҳар ҷое, ки ман рафта бошам, шумо ҳам будед. Тақрибан кори ҳардуямон монанд. Гарчӣ худамон монанд нестем.
– Гуфта аз онҳо канор рафт ва бо даст имову ишора кард, ки баъд меояд. Аммо Абдуҳамид баланд гуфт:
— Бе коғазча набиёед!
Раги пояш кашида қадамаш суст шуд, аммо илоҷе наёфта сангчолро шириқ-шириқ садо дода сўйи мошинаш нишеб шуд.
Олболуқул як навъ тамасхуромез аз пайи раванда нигариста сар ҷунбонд ва ба сухан даромад:
— Раис, шумо ҳар гуна наҳсу паҳсро роҳ надиҳед-дия!

пешина
аз 378
навбатӣ