Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ман ўро биё, нагуфта бошам. Шумо барин омадаст, чӣ кор кунам? Ба ҳар кас ақл ё дасту пой шуда наметавонӣ. Омадаст, меравад.
— Гап дар омадану рафтан нест, раис. Мо ҳам омадем, меравем. Гап дар ин, ки ин хел одамон шумқадам. Дидед, чӣ гуфт?
Фикр накард, ки ман ҳам ҳамин гапро гуфта метавонам? «Ҳар ҷо ки рафтам, дидамаш.» Лекин ягон кору борашро надидам. Ҳар ҷо ки равад, бо сардор рафта гўшакӣ мекунаду ҳамин навангӣ рафтораш барин «Баъд мебиём» гуфта меравад.
— Ҳамин қадар дарёфтам, ки аз шумо метарсад, бим дорад.
— Натарсида ҳам бинад. Баъд ҳамааш аён шуд: як чиз-ним чиз талбида пушти мошинаш мепартофтааст. Мошинаша бинед.
Ҳамин замон ў ба назди мошинаш расида як бор ба тарафи дарвозаи работ нигарист ва диду донист, ки эшон ҳам рў ба ў доранд ва тахмин сухан аз кирдорҳои ў мегўянд.
— Ин хел мошинҳо барои хоҷагӣ, раис.
— Мошини шумо ҳам бад не.
— Шумо ҳам бояд ҳамин хел мошин мегирифтед, раис. Барои хоҷагӣ хубтар буд.
— Мешавад. Ба манзил расонад, шуд.
— Бед, алиш...
— Раҳмат. Ин тўҳфаи ҷойи кор... Баъд, ман шумо барин он қадар бори бисёр намекашонам, ки...
— Шўхӣ кардам, насиб кунад... Лекин, раис, шумо бояд як бор даромада... Ту пеши мошин рав! – ба ронанда фармуд Олболуқул, то сўҳбаташонро шоҳид нашавад. – Шумо бояд як бор даромада, раис, вазъу ҳолро мепурсидед. Дар сари мол шароит нашуд, ки баъзе чизҳоро ба шумо фаҳмонам. Вазъият безеб. Аз дасти Тайиб
– Пайиб барин касон халос шудан вазнин. Ҳамин қадар донистам, ки душманатон зиёд будааст. Лекин надонистам, ки барои чӣ?
Барои ҷойи кор? Барои мошина ба шумо бенавбат доданашон?
Барои ба Қаҳрамонӣ пешниҳод карданашон? Нафаҳмидам. Лекин ҳамин қадар донистам, ки гадо – душмани гадо. Худо шоҳид, вазъият безеб. Пешу неши ин корро гирифтан лозим.
«Ҳммм...»
«Москвич»-и ў бе дуду оташ ва бесадо нишебиро ғелида, гоҳгоҳ чароғаки тормуз сурх гашта бирафт. Ҳаминро ҳам Олболуқул неш зад:
— Мумсука дидед, бензин фоида монад, гуфта мошинаша дар нагиронда ҳай кард.
— Ягон фикр доштагист-дия.
— Дар вай фикр чӣ дор мекунад? Мумсукӣ. Ганда бад одам.
— Бад бошад ҳам, нек бошад ҳам, ба худаш.
— Шумо ҳамту мегўеду вай ҳамту наомадааст. Ягон бало дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо