Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Сад бало дошта бошад ҳам, ман, ки дар роҳам рост бошам...
— Сад рост бошед ҳам, лозим шавад, потона зада, шикаста, баста, каҷ мекунанд.
— Хайр, мурод чӣ?
— Пеши ин балоро гирифтан лозим.
— Охир, ман чизе намефаҳмам. Чӣ бало? Чӣ гуна бало? Ман ба кӣ бадӣ кардаам?
— Шумо бадӣ накарда бошед ҳам, бадхоҳи шумо зиёд. Ман инро аниқ кардам. Шумо ҳамин Хоҷагиро аз дасти кӣ қабул кардед? Аз дасти Саримсоқ не?
— Ҳа, аз дасти Саримсоқ.
— Пас вай даҳани амма шуда нигоҳ карда мешинад?
— Ман аз дасти вай кашида нагирифтаам-ку? «Гир! Обод бикун!» гуфтанд. Ҳамон корро кардам. Ҳоло Хоҷагӣ ба чашм намоён шудааст, ҳама ба ҳамин сў менигаранд.
— Ҳамин хел, раис: надошта бошӣ, намедиҳанд; дошта бошӣ, дида наметавонанд.
— Ин чиз аз рўзи азал ҳаст.
— Медонам ҳаст. Лекин омада-омада калтакро ба сари шумо барин марди кордон шикастан, кори дўст не-мӣ мегўм.
— Шумо майна об накунед. Ҳукумат ҳаст, партия ҳаст. Мўро аз хамир ҷудо мекунад.
— Э, раис! Шумо бедор шавед! Он замонҳоро об бурд! Деворҳои оҳану бетонии давлати Шўроҳо ва Партияи Коммунистӣ дарзу роғ пайдо кардааст.
— Ин хел нагўед. Ин давлат он хел давлате нест, ки...
— Хайр, зинда бошем, мебинем.
Абдуҳамидро сару мағз гиҷ шуд, ки тоқии чоргулро гирифта сару пешониро молид. Ҳеҷ чизро сарфаҳм нарафта, бофтаҳои асабаш фишор хўрданд. Хаста ҳам гаштанд. Аз гуфтору рафтори меҳмон чизе нафаҳмида, сари пой ба девори дарвозахона такя зада нишаст. Олболуқули сиёҳ ҳам, ки танҳо диданаш дили касро хиҷил мегардонд, рў ба рўйи ў муаллақ нишаст. Абдуҳамид бори нахуст аз наздик ба сару рўйи ў нигарист: дар рўйи пўсти сиёҳаш хол-холи тираранги монанд ба гўри кўҳна вуҷуд дорад, ки табъи бинандаро хира мегардонад. Мўйи сиёҳи ҷингилаи зангиёнааш дудзада. Биниаш ба чалғўзаи хурди санавбар монанд. Дар пешкисаи кители ҳамранг ба кандирмўзааш қуттии сигарет, ручка ва коғази қаткардаро ҷой медиҳад: ба таври хеш барои тарсонидани нодонхўҷаҳо ин корро мекунад. Аммо ин чизҳо Абдуҳамидро фарқ надорад. Дилпур, ки хиёнате ё кори ноҷое аз ҷониби ў содир нагаштааст.
— Шумо як кори нодуруст кардед, раис.
— Хўш?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо