Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шумо бояд як-ду қўшқор ё серкаро кушта, пўсту пора карда пушти мошинҳо мепартофтед. Худатон гап назада як тараф мерафтед. Кор худ аз худ ҷо ба ҷо мегашт. Ман диққат кардам, ки аз касе зуъм кардагӣ барин, ногапӣ сари қўш рафта шиштед.
Душмана ба шакар куштаанд, ако. Вай ҳам одам. Таомули онҳо ҳам таомули худамон борин. Касе, ки ба ин хел ҷойҳо мебиёд, ҳамту намебиёд. Умед кашида мебиёд. Вай ҳам зиндагӣ дорад, бачу кач дорад.
— Ман «биё» нагуфтаам. Касе, ки фиристодааст, ҳаққашро медиҳад. Ё пешакӣ моҳонааш таъин.
— Ҳамтую, ҳамун кора кардан даркор буд.
— Бед, чой хўред, гуфтам. «Ишкамам – сер» гуфту?
— Яку якбора хуб мегўд-чӣ? Аз худатон гап намемонад, ако.
Одами беноз – оши бепиёз. Шумо бояд аз таги дилаш даромада, як кор карда... Ман медонам, ки ин хел одамҳо хўрда одат кардагӣ.
Нахўранд, ягон кора иҷро намекунанд. Ё кора баракс мегардонанд. Худо шоҳид, одамонеро медонам, ки дар пеши назари худам сафедро сиёҳ, гуфта бе ҳеҷ пўшт-пўшт сари мардакро хўрданд. Аз худатон гап намемонад, ако, сад гуфтани ман – як пул. Албатта дар ин кор якта-нимта одамон шарик. Агар ҳамон одамон шуморо душман ҳисоб карда бошанд, аз баҳри баъзе чизҳо баромада, рўйи касро сиёҳ мекунад.
— Шумо коммунист?
— Алҳамдулилло... Эъ...
— Онҳо ҳам коммунист?
— Намедонам.
— Намедонед... Ман ҳам коммунист?
— Намедонам.
— Бояд донед. Агар ман ин корҳои шумо гуфтаро кунам, виҷдон куҷо мемонад? Узви партияи ҷоноҷон гуфтанамон чӣ мешавад?
— Ако-ако-ако... Гап дар ин бораҳо намеравад. Гап дар бораи одаму одамгарӣ меравад.
— Балеее... Ана ҳамон одаму одамгариро партия ба як қолаби муайян ҷой дода ба ману шумо пешниҳод кардааст, ки номаш «Устави партияи коммунистӣ» аст. Билетатон дар кисаатон?
— Ман вая аз гавҳараки чашмам ҳам зиёдтар эҳтиёт карда дар сандуқ мемонам.
— Вай пул не-ку?
— Вай аз пул ҳам зиёд.
— Ман онро ба ҷойи дигар чизҳо дар кисаи сари синаам мегардонам.
— Шумо шўхӣ мекунед, раис, ё ҷиддӣ мегўед?
— Кори партия кори шўхӣ нест. Ман берун аз дастури он коре накардаам. Ман медонам, ки аҳли башар ҳама замонҳо Иттифоқи Советӣ барин як Дунёро орзу дошт, ки ҳама баробар бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо