Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

(Мо дар ин ҷо танҳо, бояд мардона ва рўйи худоро дида гап занем.) Чунки партияи коммунистӣ он чиро дар китоби муқаддаси худ ба мову шумо пешниҳод кардааст, ки пештар дар дигар китобҳои муқаддас гуфта ё навишата шудаанд. Ин китоб худ аз худ аз осмон наафтидааст. Натиҷаи таҷриба, заҳмат, орзуву армонҳо ва муборизаи дерсолаи халқон аст.
— Шумо, ако, дуруст мегўед: ҳамин хел як умеде буд. Вале Ленину Сталин шогирдону давомдиҳандагони корашонро гум карданд. Зарафшонро бинед, мушоҳида кунед: худро ба ин тарафу он тараф зада, маҷрои нав ҷуста ҳама соҳилҳояшро вайрон кард.
Ҳар сол дар ҷангал дарахт намонда бурида обшикан месозанд, пеши балоро гирифтанӣ ва обро ба хонаи худаш гардониданӣ мешаванд. Куҷо? Магар зўри одамӣ мерасад. Пули Ғарибакро бинед. Ҳар сол месозанд, ҳар сол вайрон мекунад. Оҳанин сохтанд ҳам, нашуд. Мефаҳмед-а? Дунё як хел намемонад, ако...
— Не. Дунё як хел. Чӣ хеле ки офарида шудааст, ҳамон хел.
Лекин мо дигар. Мо дигар мешавем. Дунёро ҳам дигар кардан мехоҳем ба фикри носолими худамон. Баъд мебинед, ки вайронкорӣ шудааст. Айбро, гуноҳро, сустиҳои худамонро, нокасиву номардиҳои худамонро ба гардани Дунё ҳамел мекунем. Зарафшон ҳам ҳамин: ё замини онро соҳиб шудем, ё роҳашро бастем, ё замини нав мекушоем, гуфта девори битонӣ рехтем; шолӣ мегирем, гуфта сепояву обшиканҳо сохтем. Баъд вай мемонад, ки одам ором гирад? Сангро ба харсанг занӣ, кадомаш мепаррад?
— Санги даст, албатта...
— Ҳааа... Думи пишакро пахш накунӣ, вағғ намегўяд. Шери хуфтаро бедор накунӣ, ба ғазаб намеояд.
— Ако! Ин чизҳо ба ману шумо дахл надорад. Харе, ки бор надорад, «ишшш!» нагў.
— Ҳамин хел. Лекин ман барои нафс, моли дунё ё ғами фардо, бисоту мерос рўямро дар назди партия сиёҳ намекунам.
— Ман инро медонам, ако. Инро ҳама медонанд, ако! Лекин гўсола, ки чаппа омад, чӣ кор карда мешавад?
— Гўсола, ки чаппа омад, ё гов мемурад ё гўсола.
— Баллеее... Ана ҳаминро ман намехоҳам. – Инони суханро ба суди хеш гардониданӣ шуда чунин гуфт Олболуқул: – Намедонам, шунидед ё не, ман дар ҳамон ҷо – дар сари мол ба чўпон як ишора кардам: «Як даҳ сар ба мо ҳам шавад!»
— Даҳ сар не, ҳамааш аз они шумоҳо. Он мол дигар ба ман лозим нест. Як хизмат кунам, гуфта, ин қадар ҷон кандам, касе миннатдор нашуд. Акнун партия, ҳоло ҳам одамони ҳалол дошта бошад, дида барояд.
— Падаратон-ба раҳмат. Мо ҳам ҳаминро мегўем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо