Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Лекин шояд шумо як чизро пай набаред, ки дар дохили партия ба ном «коммунистон» ба ду гурўҳ ҷудошуда метобанд:
гурўҳи ҳалол, гурўҳи ҳаром. Ана ҳамин гурўҳи ҳаром бо касони бад, ки аз аввал партияи коммунистиро бад мебинанд, коммунистони ноустуворро аз роҳ мебароранд. Ба наздикӣ як китоб хондам. Қаҳрамони манфӣ ҷон меканад, ки аз қаҳрамони мусбат ё асосӣ зўртар бошад. Садояш ҳам баланд бошад. Гўё барои ҳақиқат мубориза мебарад, сухани ҳақ мегўяд... Тагашро пурсед, худи ў ҳеҷ кас нест. Дар ҷамъият хидмате ё нишонае надорад. Вале дар бадном кардану сиёҳӣ ба рўйи коргарони ҳақиқӣ кашидан беустухон. Гўё ў бисёр доно, таги замину рўйи заминро медонад.
Агар тири Заминро ба дасти ў диҳанд, Заминро чаппа мегардонад.
Яъне, шумо ин маъниро чӣ хел мефаҳмед?
— Афсўс, ки ман он китобро нахондаам, ҳеҷ чиз гуфта наметавонам... Лекин ин хел одамон ҳастанд.
— Ва кам ҳам нестанд.
— Гапи шумо дурустуу, раис...
— Ҳамон китоб дар мошини ман. Хоҳед агар, медиҳам, хонед.
— Вақти китобхонӣ надорам. Корам аз мўйи сарам ҳам зиёд.
— Медонам. Биёед ман мазмуни китобро ба шумо гўям.
— Лозим не.
— Вақти зиёд намегирад. Бисёр китоби оддӣ. Қаҳрамонаш ману шумо барин одамҳо. Шумо қаҳрамони мусбат, ман қаҳрамони манфӣ. Шумо дар ҷамъият фаъол, бисёр корҳои нек карданӣ ҳастед. Ва рўз то рўз боло меравед. Ман ҳам мехоҳам, ки шумо барин бообрўй бошам. Котиби якум маро ҳар вақт даъват карда маслиҳат пурсад, ба вазифаҳои нав ба нав пешниҳод кунад ҳам, эътиборе, ки шуморо медиҳад, моро намедиҳад. Ман мебинам, ки боз шумо нозғунҷ, мо дар канор. Пас ман ғазаб намекунам?
Мекунам. Кина намегирам? Мегирам. Ёру ошнои бад пайдо карда, дар пайи ба даст афтондани шумо намешавам? Мешавам.
Ва мебинед, ки кўркўрона мубориза сар шудааст. Ана акнун ман ба муқобили шумо муборизаро сар мекунам. Лекин ҳадафам бадном кардани Партия, ки ҳамаро бо як чашм намебинад. Шумо ҳамчун қаҳрамони мусбати афсонавӣ, чун баҳодурони ҷаҳонгард, як поятон дар Маскав, пойи дигаратон дар Тошканд, пойи сеюм медоштед, албатта дар Қафқоз мешуд. Касеро писанд намекунед, ба касе эътибор намедиҳед. Чунки пуштатон зўр, қадру қимати хешро медонед; хизмат мекунед. Баъд ман ба даҳанҷанг мегузарам:
дар назди одамон, дар маъракаҳо шуморо таҳқир кардан мегирам.
Шумо ба боло арз мекунед, ки як коммунисти баддаҳони ба ҳеҷ кор қодир набуда бо ман мубориза бурда, дар назди одамон таҳқир мекунад. Чунин рафтори ман ба Партия хуш намеояд. Баъд ба ман даъватнома меояд, ки ба фалон идора оям.

пешина
аз 378
навбатӣ