Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меоям. Гап аз шумо оғоз мешавад, аз бузургии шумо, номдории шумо ва ҳеҷ кас набудани ман. Баъд муқоиса сар мешавад: ман дар назди корномаву қаҳрамониҳо ва ҷаҳоншиносии шумо дупула одам мешавам.
Ҳамчун тўҳматгар маро танбеҳ медиҳанд, ҷояш ояд, ба шиканҷа мекашанд. Огоҳ мекунанд, ки дигар чунин корҳоро накунам. Лекин ин хел намешавад. Ман аллакай дар дил кина гирифтам. Бо ин роҳ ҳам ба шумо баробар шуда натавонистам...
Олболуқул, ки то ин вақт сари ду по нишаста буд, ба пушт афтид. «Э, э!» гуфта хест.
— Шаб хоб накарда будам, ғанабам бурдааст. Нофаҳмида мондем.
— Ман ҳоло ҳамин бузургии шуморо васф мекардам, ки афтидед...
— Монед ҳамин гапҳоя. Мо аз гап сер.
— Шумо аз чӣ носер?
— Боз мегўянд, ки раис одами бегап; сад даҳан гўйӣ, як даҳан «ҳа» ё «не» мегўяд.
— Ман маҷбур шудам, ки гўям. Аввал худ ба худ мегуфтам, акнун мехоҳам, ки баланд гўям. Як умр об чакидан гирад, санги сахтро ҳам сўрох мекунад.
— Оооо... Инро кӣ намедонад?
— Шумо ҳам коммунист, ман ҳам коммунист. Биёед, коммунистона гап занем. Ман як нафар коммунисте, ки аз рўйи устави Партия, мувофиқи ваъдаву қавли додаам як умр меҳнати ҳалол кардан мехоҳам. Шумо баракси меҳнат, кори маро назорат ва тафтиш кардан мехоҳед. Ман мехоҳам, ки аз корам ягон манфиате ба давлат расад. Шумо мехоҳед, ки кори маро фаҳмидаву нафаҳмида наҳ занед ва аз он камбудӣ ҷуста рўйи маро сиёҳ кунед ва баъд ҳар гуна дасисаи худро бозед..
— Не-не-не... Шумо дар ҳаққи ман тўҳмат мекунед.
— Мо гуфтем, ки коммунистона ва мардона сўҳбат мекунем.
— Мардигарӣ ин хел намешавад. Ман вазифадорам, ки кори шумоҳоро тафтиш карда, камбудиашро ошкор созам.
— Агар вазифаи шумо танҳо аз зери нохун чирк ҷустан ё камбудӣ ошкор кардан бошад, мо вазифадорем, ки ҳар чӣ шумо гўед, итоат кунем?
— Ман назди шумо барои ҷанҷол наомадаам!
— Ман ин чизро мефаҳмам, ман дар умрам бо касе ҷангҷол, хархаша ё бадгўйӣ накардаам. Мо қавл додем, ки коммунистона сўҳбат мекунем. Бе хафагӣ. Акнун гўед, ки барои чӣ омадед?
— Медонистам, ки шумо ҳамин хел одам, намеомадам.
— Шинохтед, ки ман кӣ ҳастам? Не. Нашинохтед. Шинохта ҳам наметавонед. Чунки ҳанўз худам худамро нашинохтаам. Ман аз рўйи устави партия ба саволҳои аъзои бюро ҷавоб дода ба сафи партиявиёни пок дохил шудаам.

пешина
аз 378
навбатӣ