Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҷавобамро ду намекунам. Агар касе шуморо назди ман фиристода бошад, расонед, ки Холиқов аз касони онҳо мегуфтагӣ нест! Агар шумо маро хуб надонед, ман шуморо нағз медонам.
— Шумо худатонро нағз намешиноседу чӣ хел маро мешиносед?
— Чунки шуморо ҳама мешиносанд. Якдаҳанӣ дар бораатон гўянд ҳам, дар олам машҳур мегардед. Шумо барин мардони миёнсол зиёд шудагӣ дар сафи партия. Баъзеашон, бовар кунед, уставро нахонда, бо илтимосу илтиҷойи ёру дўстон аъзо шудаанд.
Вазифаи муқаддаси хешро як сў монда, аз пайи рўзгузаронӣ ҳастанд. Ва ин даргоҳи муқаддас; номи партияро ба манфиати хеш истифода кардан мехоҳанд.
— Одами чатоқ будаед; дар тўҳмат устухон надоштаед.
— Шумо акнун шинохтед маро. Дигар назди ман бо чунин дасисаҳо набиёед! Агар ман бад бошам, ҷазоямро партия медиҳад...
Баъд андеша кард Абдуҳамид, ки кори хуб кард ё нохуб. Ба гўши хар азон гуфт ва ё ба оташ равған рехт? Омадани ў аз пеши худ буд ё ягон фармоиш дошт? Худаш медонад... Дар чўл ҳам, дар ин ҷо ҳам ногаҳонӣ пайдо шуданаш бегап нест. «Ҳамин хел нағма доштагист. Меояду нағма мекунаду гап чида, мебарад.
Вагарна бе ҳеҷ дуду алоб доира задан чӣ маънӣ дорад? Инҳо ё маро бозӣ доронданианд ва ё ҳамакаса ба бало печонданӣ. Лекин Партия ҳаст. Ман ки ба ин ташкилот ин қадар бовар дорам, агар ноумед гардонад, худамро бояд ба бало гирифтор кунам, ки ман беҳуда ин қадар эътиқод карда будаам. Олболуқулҳо одамони доно будаанд, ки номи Партияро истифода бурда ҳар кори нохуб мекардаанд; шаъни онро паст мезадаанд. Воқеан чунин будааст.
Не. Онҳо номаъқул мекунанд. Бадкорӣ дар сиришташон ҳаст. Дар кадом ҷамъияте, ки умр ба сар баранд, ҳамин номаъқулиашон такрор меёбад. То хунашонро дигар кардана. Чунки муфтхўрӣ, фиребу найранг дар хуни ҳаромашон ҷой гирифтааст. Танҳо бо хун ё бо ҷон мебарояд ин хў. «Ба чўпон гуфтам, ки даҳ сар аз они мо ҳам ҳаст» мегўяд шарм надошта. Маълум, ки Партия ҳанўз ҳам ба намояндаҳояш бовар мекунад. Ё ягон роғ пайдо шудааст, ки ба ин олами зебо аз дари калон, бо рухсати дарбонҳо неву аз ҳамон девори ворафта дохил мешаванд? Агар ҳамин хел бошад, дафтарчаро оҳистаяк рўйи мизи котиб гузошта, баромада рафтан лозим. Ё як даҳан «Ман ин даргоҳро муқаддас ҳисоб карда будам» гуфта, баромада рафтан лозим. Ва дигар дар рўйи Замин пой гузошта гаштанро ҳаром донистан лозим. Ё ҳеҷ набошад, паси кўҳҳои баланд рафта, ба ҳайвон мубаддал гашта, алафхўрӣ карда гаштан дуруст меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо