Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Алам мекунад ба кас: ҳама чизро пушти пой зада, ҳама таънаву маломатро паси гўш карда, ин дунёи навро умедгоҳ дониста, устав ва китоби азими «Партияи Коммунистӣ»-ро азбар карда ба ҳазор орзуву ҳавас фарзандонро дар ҳамин рўҳ калон кунӣ, даст сўйи ҳаром дароз накунӣ, поктар аз фаришта гардӣ, то ин олами бо ҳазорон орзуву армон ба даст овардаро доғдор накунӣ, дафтари аъмоли хешро тоза нигоҳ дорӣ ва омада-омада аз дасти чунин ғаммозҳо, ҳаромхўрон, бадкорон «коммунисти ҳаром» ном бардорӣ, чӣ гуфтанӣ гап? Ба асли хеш баргаштан беҳтар аст. Не! Не! Не!!! Ман фарёд мезанам: ин хел шуданаш аз имкон берун... Лекин Ленину Сталин нестанд-ку! Ҳар кор шуданаш мумкин ва ба ҳар кор омода бояд буд...»
«Волга»-фургон ҳам дар нагирифта, беовоз нишебиро ғелида рафт. Аз назари Абдуҳамид пинҳон шуд. Ба хаёлаш ба кадом хамӣ ё ҷаре каллапо рафт, ки на садояш меояд, на дудаш мебарояд.
Ў китф дарҳам кашид, ки чӣ шуда бошадаш? Якбора чунин сергап шудани як одами хапу хомўш бебало набояд бошад. Сараш-ку сари Зулфон барин дардманд нашудааст? Ин махлуқи Худо (ҳамон Зулфон) мурғчўҷа аз шохи дарахт нафаромада ба кўча мебарояд, андаке дар сари пул меистад ва якбора даст боло бардошта ба сухан медарояд ва чизе, ки ба забонаш омад, мегўяд.
Гўё дар сари минбар аст, ба қадри донишу фаҳмиш беҳушона аз Маркс сар карда то котиби имрўзаи КМ дахолат карда сухан мегўяд. Чизҳое мегўяд, ки бузро – бозӣ, харро – ханда. Ба хаёли хеш ба ҳама забонҳо ва бештар ба забони русӣ ҳарф мезанад. Аз мағзи гуфтораш ягон-ягон «ростӣ ва ҳақиқат» шунида мешавад.
Ҳазор гўш гашта, диққат диҳӣ ҳам, равшан намешунавӣ, ки чӣ мегўяд. Субҳ дамад ҳам, ў дар ҳамон ҷо, пода ба чаро равад ҳам ў дар ҳамон ҷо... Сонӣ, низомиёна қадам зада, асои дасташро ба ҳаво бардошта, таҳдиди зиёд мекунад: «Ҳамаро ҳаром кардед: Ленин-бобо, ин хел нагуфта буд; Сталин-бобо он хел нагуфта буд...»
Шабу рўз кораш чунин. Кас намебинад, ки хуру хоб дорад ё на?
Ниҳоят, ки муроде ҳосил нашуд, ба танг омада «Стрилят буду!»
мегўяд асоро чу камон ба сўе рост карда.
«Наход, ки ба ман ҳам ягон бало таъсир карда бошад? Ман ин хел набудам... Гўё гапи тамоми умр ғун кардаамро гуфтам.»
Ҳар сухане, ки буд, Абдуҳамид аз зеҳн гузаронд. Пиндорад, ки баланд-баланд гуфт ва ҳама шуниданд. Пасон ба гирду атроф нигарист, ки одамизод бошад, фардо достон мекунад. «Абдуҳамид девона шудааст» мегўяд.
Ҳеҷ кас набуд. Мошини дигаре омад, ки аз он мошинҳо фарқ
мекард. Ин «Жигули» буд ва назди «Волга»-и сафед наистода, рост пеши дарвоза омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо