Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Рақами давлатиаш аз рақамҳои Душанбе буд. Халил баромад аз мошин ва вазнин пой ниҳода ҷониби падар омад. Вазнин гом зада омаданаш ба ин маънӣ буд, ки рўҳу вазъи падарро дарёфта, пасон муомила кунад. Ҷуз салом чизе нагуфта ҳамдигарро ба оғўш кашиданд. Халил мехост ҳолу аҳвол пурсида зуд аз ҳама сирру савдо огоҳ гардад, чун одати падар медонист, бо нигоҳ савол кард. Аммо падар пешдастӣ кард:
— Рост ҳамин ҷо омадӣ?
— Не. Хона рафта будам. Очам гуфтанд, ки... – садои ў ларзид ва сухан дар гулўяш печид.
— Очат ҳеҷ чиз намедонад, баччем, гап-гапи кўчаро шунидааст.
— Шумо чизе нагуфтаед?
— Ҳоло чизи мегуфтагӣ нест, баччем. Нав аз чўл омадам. Очаатро надидаам.
— Чаро танҳо шумо?.
— Одамон омада буданд. Рафтанд. Як бўткаву як фургон омада буд.
— Э ҳамон фургони каллапо назди шумо омада буд?
— Чӣ хел каллапо?
— Ана ҳамин хел! – дастонашро ба ҳам тоб додаву печонида ва пачақу маҷақ шудани мошинро фаҳмонд.
— Хуб нашудааст... Вай ошнои ман. Чўл рафта буд, ин ҷо ҳам омад.
— Ин ҳамон нест, ки «хўтук» меноманд?
Падар худро нашунида ангошт. Ба хаёл рафт, ки Халил аз ҳама сирру савдо бохабар аст, вагарна ўро хўтук ном намебурд.
— Дар Душанбе чӣ навигариҳо?
— Бозсозӣ. Навро насохта, кўҳнаро чаппа карда истодаанд. Ҳеҷ чиз намефаҳмед. Саг соҳибашро намеёбад. Замони озодии сухан расидааст. «Ганда – Сталин. Бобоҳои мо одамони хуб буданд».
— Ҳамин ҷо ҳам ҳамин хел.
Говдўш тори сар дастархон гузошта, надошта, дар дасти
рост сатил, дар дасти чап соғу чун занони ҷафокаши кўҳистонӣ
уреброҳаи миёни Заврону Работро паймуда меомад. Нисои тозарўйи дар рухсорааш ҳусн дошта, баҳорон низ бо ҳамон пайроҳа
меомад, домонаш ба сабзаву шукуфаҳо бархўрда, нагҳатеро пош
медод; либосаш, пайи қадамаш ва пайроҳа атрогин мегашт. Танҳо
худи ў чунин инъому марҳамати табиатро эҳсосу дарёфт мекард,
шодмон ҳам мешуд. Ин роҳ танҳо роҳи ў буд; роҳи кушодаи худи
ў. Ҳоло ки вақти хазон аст, дар ҳамон роҳ ба домонаш риндак
мечаспад ва риндакҳои аз зарби пойгузории ў парида, даруни кафшаш ҳам меафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо