Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғиҷиновар бошад ҳам, истода кафш аз пой бароварда, таконда, риндакҳоро намеафканад. Зеро ҳоло вақти чунин озодагӣ нест: дастонаш банд ва назди давроза раис ва боз як мошини ношиносу нафари дигар истодаанд.
Сатилу соғуро назди дари қаровулхона гузошта, дастархони тори сар бо як ҳунармандии аҷиб овардаашро оҳиста гирифта, низ он ҷо монд. Гўё дастони пеши бар гирифта салом гуфтанаш озод гашта ва сари ба тавозўъ омодааш низ аз зери бори гарон раҳо ёфта буд, акнун одоби занонаи шарқиро ба ҷо овардан имкон дошт. Ў баъди ба ҷо овардани одоб ду миллаи сарбастаашро аз сари китфи рост пеш кашида, бо калиди дар нўки милааш баста қуфлро кушод... Овардаҳояшро даровард ба хона.
Таги садаро об зада рўфт ва кўрпача бар суфа андохт.
— Абдухалилҷон, омадед, хуш омадед, баччем, башкон нағзанд?
— Шукр, холаи Нисо, ҳама нағз...
— Илоҳӣ нағз бошанд, – гуфта бо як назокату шарму ҳаёи кўҳистонӣ нимрўя шуда ба хона даромад ва ҳамон дастархони тори сар гузошта авардаашро бо ду даст бардошта миёни кўрпачаҳои густурдааш гузошт ва гўшаҳои қат гардонидаи хонро кушода, боз рафта ҷурғоту қаймоқу маска овард.
Падар аз гоҳи омадааш то алҳол ҳамин суфаи зери садачаи бо дастони хеш шинондаву сабзондаро нигарон буд, ки омада нишаст ва ба таври худ дам рост карданӣ шуд. Вале сахт мехост, ки як чойник чойи алобии офтоба бошад, то хастагӣ аз тан рафъ гардонад. Аммо намедонад, ки чаро дар ин ҷо нишастааст. Дилкашолие намонда ба кору бор. Халил омадааст, бояд ба Панҷрўд раванд. Чизе пойбанд кардаст. Норавшан.
Халил зери абрў ба падар менигарад. Парешон дармеёбад.
Ин хел набуд. Сухан нагўяд ҳам, ба гуфтаҳо табассум карда ва хандида меистод ва баъзан сар меҷунбонд. Ҳоло гўё чизе ё касе барои ў вуҷуд надорад.
— А, Абдухалил?
— Лаббай, дада!
Ҳайрон монд писар ба чунин якбора лаб ба сухан кушодани падар ва дарёфт, ки чизе ҳаст. Вагарна ў дар ин работи хушк дер намеистод ва як пиёла чойи холаро нигарон намешуд.
— Ин дунё зулмот будааст. Аз зулмот омада ба зулмот рафтан маълум буд. Аммо акнун дарёфтам, ки ин ҳама равшангариҳо роҳи зулмотро равшан кардан будааст.
— Ягон озор шуд, дада?
— Не... Мо бояд рафта ба дўстонамон ёрӣ диҳем. Ҳоло ба ҳамин бало ҳам моро гунаҳгор медонанд.
Чанд пиёла чойро болойи ҳам чун ҷигарсўхтагон даркашид падар ва якбора «омин!» гуфта хест. Ба мошини Халил нишаста то ҷое омаданд, ки фургони чаҳор чарх дар ҳаворо роҳгузарҳо маслиҳат медоданд: бо кадом роҳ рост кардан ё ба по гузоштан имкон дорад.

пешина
аз 378
навбатӣ