Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ин қадар одами ҷамъшуда бо усули бобойӣ даст ба даст кунад, вазни мошин панҷоҳкилойӣ намерасид, аммо ҳар кас маслиҳат медод, ки ин кори одам нест, кори техника. Кран мебод.
Шишаҳои пеш ва паси мошин шикаста зумуррадпораҳо руйи замин рехта буданд. Сару рўйи ронанда хунбаста ва Олболуқули ба ҳама носеҳу маслиҳатгар рўйи замин нишаста, касеро лаънат мекард: «Асабамро вайрон кард, ҳамин хел шуд.»
«Ин нокас маро мегўяд...»
— Гап задед, дада?
— Не. Диққат диҳед, олойӣ мегўяд. Гўё асабашро касе вайрон кардааст... Лекин дар сари фармон ронандааш буд.
— Ба хайр, раис? – пеш омада дилдорӣ кард ва одамгарӣ Абдуҳамид.
— Асабама вайрон кардӣ...
— Ў хўтук! – якбора дар гирифт Халил таги воқеаро чандон сарфаҳм нарафта, вале аз муомилаи нохуби вай маънӣ кашида.
– Асаби ту асаби шофёрат аст?
— Ту баччаяк кӣ ҳастӣ, ки...
«Абдухалил, бо ў баробар нашавед...»
— Баробар шуда ҳам бинад! – ба таври худ бонг зад Олболуқул, ки на ба сухан сарфаҳм мерафт ва на чӣ гуфтанашро медонист.
«Садқаи сухан шавад...»
— Ту бачча, ҳоло бо собуни ман ҷомашўйӣ накардайӣ.
— Собунат сарата хўрад! – пушаймон аз омадан баргаштанд.
Ва ин замон чашми Халил ба боғбон афтид, ки аз одамон ҷудо, дар бари болойи роҳ истода, рост ба падар Абдуҳамид нигоҳ мекард, на ба рухдоди роҳ. Ду бари ҷома аз ду сари дўш пеш гузаронида бо дастон медошт, ки пушти ҷома чизе бор баста буд.
— Амаки Рауф! – даст сўйи боғбон, ки ду чашм аз Абдуҳамид наканда менигарист ва гўйӣ бо нигоҳ маънӣ кашидан мехост, ишора карда гуфт писар ва онҳо он ҷониб рафтанд. Боғбон дасти рост раҳо кардан хоста бари рости ҷома зери дандон сахт дошту газид ва бо дасти рост бо онҳо вохўрӣ кард. Баъд бари ҷома аз зери дандон ба даст гирифт ва ба пурсупос даромад:
— Абдухалилҷон, нағз ҳастед, писарам. Хондан тамом шуд?
— Мешавад, амак.
— Илоҳӣ шавад.
— Боло меравед, амак?
— Дигар куҷо равам, баччем? Ману падарат Абдуҳамид...
— Шинед.
— Худам меравам, баччем. Як қадам роҳ.
— Боратон вазнин...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо