Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Устухони мо бо бор шах шудагӣ. Ҳамту даст партофта роҳ равӣ, мардум зуд мебинанд. «Ҳоҳ, дастпартоиашро бин, попартоиашро бин» мегўянд. Ин барои ман кори одат: аз работ ба боғ равам ё аз боғ ба работ оям, ҳатман бояд як санг бардошта барам.
Нишастанд ба мошин. Боғбон ҳамон зайле ки дар пушти ҷома бор дошт, ба мошин нишастанӣ буд. Халил бори пуштораи ўро гирифта ба мошин гузошта, озод нишастанашро хост.
— Абдухалилҷон, озор накашед. Ҳамин хел мешад.
— Ин хелаш хуб, амак.
Як тарбузу як харбуза аз пушти ҷомаи ў гирифта пеши пойи соҳибаш ба нишастгоҳ гузошт. Ва дарро пўшид.
— Шаҳр рафта будам, гуфтам, дасти хушк барнагардам.
— Дар шаҳр чӣ кор доштед, ако?
— Шуморо ҷуста рафтам, Абдуҳамид. Як зоғ овард, ки шуморо дина дар чойхонаи «Дўстӣ» дидааст. Як худатон ниҳоят парешон... Як чойник чою як коса нишолло фармудаед, аммо даст сўйи нишолло набурда, хомўш истода, фақат фикр мекардаед. Касеро нигарон буданатон ҳам маълум набудааст. Чой хунук шуда рафтааст. Нахўрдаед. Касе наомадааст. Баъд он зоғ рафтааст ва надонистааст, ки оқибат чӣ шуд?.
— Шумо ба қар-қари ҳамон зоғ бовар кардед?
— Не, бовар накардам. Аммо парешон шудам. Охир мо... Шумоя наёфтам, Абдуҳамид. Ҳаждаҳам ба замин зад. Мошинатон ҳам нанамуд. Арақам рехт. Дар ҳамон чойхона як пиёла чой гирифтам.
Лекин чойники чойи хунуки шуморо надидам. Хеле шиштам, ки шояд биёед. Не. Наомадед. Аз пойи афтобус намонам, гуфта омадам... Абдуҳамид!
— Лаббай!
— Тинҷӣ?
— Тинҷӣ, ако.
— Илоҳӣ, тинҷӣ бошад!
Абдухалил ҳарчанд аранге аз ҳодисаву кирдорҳои идораи геология бўй бурда, омада буд, аз пурсу ташвиши Рауфи боғбону посбон пай бурд, ки кору ҳоле шуда, аммо падар чун одат сирр намедиҳад.
«Рафтан лозим набудааст...»
Гўё ба худ гуфт падар. Онҳо низ фаҳмиданд.
— Мо аз дили соф рафтем. Вай каҷ қабул кард. – Халил таги дили падарро фаҳмида гуфт. Аммо боғбон якбора ба ҳасрат гузашт:
— Ээээ, аз сари ин дунё гардам. На хубӣ ба роҳ меравад ва на касе онро қадр мекунад. Шунидам. Шумо чӣ гуфтеду ў чӣ гуфт, шунидам, Абдуҳамид. Дили раҳмин – ҳамеша ғамгин. Ба ҷойи миннатдорӣ тўҳмат мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо