Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кирои гап намекунад, ако. Онҳо аз шаттоҳӣ ёфтагӣ.
— Зўраша ёбад, фас мешавад мегўянд-ку?
— Абдухалилҷон, вай кайҳо фас шудагӣ. Лекин саг аз г...хўриаш намемонад... Ба пойи худ омадед, фуроед. Ман гўспанд намекушам. Як пиёла чой.
— Чой хўрдем, амак. Ман рўзи истироҳат гуфта омадам. Мактаб, зуд бояд баргардам.
— Не, шери амакаш, шумо ҳоло аз он ҷо гузар карда рафта наметавонед. То аз он ҷо пайи пойи онҳо рўфта нагардад, шумо рафта наметавонед. Дидед, ба роҳи лиллоҳ рафта дилдорӣ доданӣ шудед, гуноҳа ба гарданатон бор карданӣ, ки... Эээ бародар, домонатон ба домони инҳо расад, бурида партоед. Мегўм, Абдуҳамид, одамони пеш дигархелтар буданд ё сода буданд ё лода буданд, надидам, ки сабабу гуноҳи мурданашонро ба гардани касе бор банданд. Поят лағҷад, гуноҳи дигаре нест. Барои ҳамин... Каме рўйи суфа шинем...
Рўйи суфа ҳамон зайле ки кадбону дастархон ороста буд, барҷо меистод, танҳо бар дастархон як докаи сафед партофта буд, то пашшаву гарду чанг ҳуҷум накунад. Худи Нисо дар ошхонаи тобистонаи паси хона дуду алоб дошт.
— Занак, як корд биёр!
— Амак, ташвиш накашед.
— Шери амак, ба шумо гов мекушам, гўсфанд мекушам? Харбуза мекушам. Тасфи дила мегирад.
Абдуҳамид як табассум карду «аз дасти Абдурауф осон халос намехўрӣ» гуфта, дар ҷое, ки пештар нишаста буд, хайма зад ва дар болишти баъди рафтанашон оварда гузоштаи Нисо такя кард ва бо пушти даст пешонӣ ловид, ки ба назараш тар гашта бошад.
Нисо корд овард ва дар як сабади рўкашаш дастархон тунук бардошта сари оташдон рафт. Дере нагузашта, тунукро пухта ва равған карда дар табақи чинӣ бардошта овард.
— Абдухалилҷон дар он дуриҳо ёд кардагистанд... – тунукро дар назар дошта гуфт зан.
Халил миннатдорӣ кард холаро. Ва онҳо як-як тунукро лўла карда мегазиданд.
— Абдуҳамид, таги гапу кору борро фаҳмидед, ки онҳо чӣ мехоҳанд?
— Не, ако, таги гап равшан не.
— Худо равшан гардонад... Онҳо ким-чӣ хел нағмаҳо доранд.
Лекин қарсзанашон кист, касе намедонад.
— Шумо дирижўр гуфтанӣ-а, амак?
— Ҳамин хел.
— То шамол нахезад, барги дарахт намеҷунбад.
— Шояд ягон фармоиш бошад, Абдуҳамид?

пешина
аз 378
навбатӣ