Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин хел ҳам будагист. Аммо ман намедонам. Камомад,
гуфта даъво карданд, зиёдомад шуд. Акнун намедонам, чӣ даъво мекунанд.
— Душман баҳона наёбад, «думи сагат каҷ» мегўяд.


Абдуҳамидро ба идораи Кумитаи партиявии шаҳр даъват карданд. Гадобой ўро пазируфта, хандон ва кушоду равшан сўҳбат оғоз кард.
— Ҳамон рўз чӣ шуд, раис?
— Будед-ку, худатон дидед чӣ шуданашро. Ман ақаллан ба мол наздик нашудам.
— Не. Рўзе, ки Ризоқулов ба назди шумо рафта мошинашро чаппа кард?
— Ҳеҷ чиз нашудааст. Назди мо омад ва намедонам, барои чӣ омад. Як гапи дар сари мол гуфтаашро такрор кард. Ман ҳаю не нагуфта, мошинашро ғелонда бе дуду алоб бурд. Фаҳмидем, ки чаппа шудааст. Ба дилдорӣ рафтем. Овард, ки айби ту шуд: асаби маро вайрон кардӣ, мошинро идора карда натавонистам. Ман асаби ўро вайрон накардаам. Ҳар чӣ гуфт, худаш гуфту худаш тасдиқ карду худаш хулоса баровард... Ин як. Дигар ин ки дар сари рул ронанда шишта буд. Ман асаби Олболуқулро вайрон карда бошам, мошин аз дасти ў чаппа нашудааст-ку? Шумо ин чизҳоро мефаҳмед-а, Гадобой?
— Мефаҳмам.
— Аммо ман ҳеҷ чиз намефаҳмам, ки ҳамаи ин бозиҳо чӣ маънӣ дорад?
— Ҳолӣ мефаҳмед.
— Агар шумо донед, ҳозир фаҳмам, хуб нест?
— Не, раис. Ман ҳам шумо барин як хизматгор одам. Ҳар чӣ фармоянд, мекунем.
— Рост. Одам ҳар хел мешудааст-дия. Шумо ҳам вай барин одам...
— Не, раис, ман вай барин не.
— Ҳаминро гуфтанӣ будам. Ҳамроҳ рафтетон сари мол. Шумо рост рафтеду рост омадед. Ақаллан ба ягон гап ҳамроҳ нашудед.
Вай даррав гирифт, ки «як даҳ сар ба мо ҳам шавад». Баъд дилатон аз ҳама чиз намемонад? Инҳо худашонро не, партияро бадном мекунанд. Обрўи партияро ба замин мерезанд. Идораҳои дахлдор ҳам ба гапи ҳамин хел шўрапуштҳо бовар карда, корҳоро дўлоб мегардонанд. Ҳамун ифлосро ягон каси намешинохтагӣ ҳаст? Аз котиби якум сар карда то қаровули дами дар?
— Нест, раис.

пешина
аз 378
навбатӣ