Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Лекин ягон кас ҷилавашро намекашад. Ҳама медонанд, ки ифлос, ҳаромхўр, муфтхўр, вайронкор... валек ҳама ба ҳарфи ў бовар мекунанд. Бигўед, ки ў ба ин корҳо чӣ дахл дорад?
— Народнии контрол.
— Народний контрол... Хайр маро барои ў шуда ҷеғ задед.
Чӣ кор кунам?
— Намедонам. Ў даъво дорад, ки шумо ҳамчун узви партия бо ў дағалона рафтор кардед...
— Он чизе ки навиштааст дар ҳаққи ман... Шумо бовар доред, ки он корҳо ва гуфторҳо аз ман бармеояд.
— Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Агар дар бораи чўл ягон чиз гўяд, ман ҷавоб гуфта метавонам, чунки иштирок доштам ва чӣ шуду чӣ монд, медонам.
— Ҳамин хел: аз дасти ману шумо ҳеҷ чиз намеояд. Зеро калла дар деги калон меҷўшад. Ман аз бадномӣ метарсам, Гадобой.
Мо ба партияи азизамон ваъдаҳои сахт додагӣ. Акнун ба як пули пучак рўямонро сиёҳ кунем, чӣ мешавад? Ҳарчанд бисёр ҷор мезананд, ки пояҳои устувори партия ба даруни замин фурў меравад ва бунёди қасри амалаш суст шудааст, бовар намекунам.
Бовар намекунам, ки як давлати муқтадири ятимпарварро аз беху бунаш афкананд... Баъд чӣ мешавад? Ягон кас дар ин бора фикр мекунад? Ягон нафар ғами ояндаро мехўрад?
— Ҳоло ки ҳама ҷо ба ҷост, дар ин бораҳо сухан гуфтан пеш аз пода чанг кардан аст.
Абдуҳамид нагуфт, ки шумо соҳаи хоҷагии қишлоқро ба ўҳда доред, аз ин рў аввал наздатон омадам. «Вагарна наомадан ҳам мумкин буд». Чизе нагуфта баромад ва ягон илтимос ҳам накард.
Зеро медонист, ки ба колхозчӣ ё кўҳкан бовар карда намешавад, ҳол он ки бо кормандони партиявию роҳбарҳо зуд ҳафту ҳашт карда хулосаҳои даркорӣ мебароранд, андаке ғубор дошта бошанд, ҳамонро бароварданӣ мешаванд. Низ медонист, ки ин воқеа аллакай даҳан ба даҳан ё бо аризаву имзои Олболуқул ба ҳама ҷо паҳн шудааст; ҳеҷ набошад, бод най ба най бурдааст.
«Шояд ин хабар ба гўши Боймурод ҳам расида бошад?»
Боймурод Холмуродов – сарвари геологҳо. Ў бояд аввал ҳама чизро донаду фаҳмад. Лекин чандест, ки мудири хоҷагӣ бо вай рў ба рў нашудааст. Зеро бино ба гуфти баъзеҳо ин корро ҷунбондагӣ ҳамон кас. Чунки тафтиш ба идораи геологӣ омаду роҳбар тафтишотро дониста-надониста ба Хоҷагӣ уреб кард. Инак онҳо салларо монда, калла овардагӣ барин ба Абдуҳамид часпиданӣ.
Ба ҳар ҳол ў рухсат пурсида ба идораи сардор даромад ва ҷуз салому ҳолпурсӣ чизи дигаре нагуфт. Аммо Боймурод аз ранги рўй ва вазъу ваҷоҳати Абдуҳамид пай бурд, ки ташвише дорад.
Аввал зуъме доштагӣ барин ду-се сурфида, сухани гуфтанӣ надоштагӣ барин хешро ба кадом кор ё кирдор мувофиқ кард, пасон «Хаааййр» гуфта монд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо