Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамсўҳбати гунгтар аз ў низ пай бурд, ки сардор чизе гуфтанист, лек халалгоре ҳаст.
— Тану ҷонатон сиҳат аст? – чӣ гуфтанро надониста ва аз боби тафтишу гапу калочаҳо сухан карданро раво надониста пурсид Абдуҳамид.
— Нағз! – гуфт ў. Ва Абдуҳамид дарёфт, ки зуъме дорад. Вай ин хел кас нест. Ягон гапу ҳарф шуда бошад, нарм-нарм сухан оғоз мекунад ва матлабро мегўяд. Ҳоло гиреҳе ҳаст, чизе гуфтанӣ нест. Сухан бошад ҳам, касе чизе оварда бошад ҳам, аз номи ў ягон ҳарфи нораво шунида бошад ҳам, гуфтанӣ нест.
— Аз мо ягон камбудӣ содир шудагӣ барин, Боймурод?
— Ҳар хел гапҳо ҳаст... лекин...
— Гўед, то росту дурўғашро ҳарду муайян кунем.
— Болойи сўхта намакоб, «народний контрол» наздатон рафта будааст, шумо мошини ўро чаппа кунонидаед.
— Ё наъузан биллоҳ! – гиребон гирифт Абдуҳамид. – Агар шумо ҳам ўро нашиносед ва ба арзу шикояти одатии ў бовар кунед, ман ҳеҷ чиз намегўям. Ва боз агар шумо маро надонед, нашиносед...
— Шинохтан, нашинохтани ман ҳеҷ рол намебозад. Ана ариза.
— Гўё ман асаби ўро вайрон кардаам ва ў мошинашро идора карда натавониста...
— Ҳамин хел.
— Хайр, ягон касе ҳаст, ки мўро аз хамир ҷудо кунад, пурсад, фаҳмад? Ё Народний контрол чашми ҳукумат, ҳар чӣ ў гўяд, ба оби тилло навиштан лозим?
— Ман медонам ўро. Канавор ки часпид, барои аз тани солим канда гирифтани ў ситораи осмон лозим.
— Худамон ба ҳамин дараҷа расонидем. Вагарна касе нест.
Худо шоҳид, ман ба ў ягон ҳарфи ноҷо нагуфтаам. Дар чўл ҳам худ аз худ пайдо шуду «ба номи мо ҳам даҳ сар мешудааст-дия»
гуфт. Ман ҷавобе надодам. Дар работ ҳам омаду ҳамин гапро такрор кард, ман ношунида гирифтам. Нишеб шуду рафт. Агар ҳамин асабвайронкунӣ бошад... Дигар ин ки ронанда дошт ва сари фармон ронанда буд, на ў. Хайр, ин як бало. Бало ба пасаш.
Лекин чаро аз шумори мол намепурсед?
— Оварданд. Донистам.
— Нависандаҳо навишта будаанд, ки ман ҳама молро хўрдаам, дар қўтан мол нест. Ҳол баракс баромад. Ман бо ҷонканиҳои зиёд молро афзун гардонидаам... Инаш чӣ мешавад?
— Ман ҳам шумо барин гунаҳгор ба шумор меравам.
— Яъне, ба фикри шумо ин камбудист ва ман гунаҳгор ҳисоб меёбам?
— Раъйи қозӣ чӣ хеле ки шавад.

пешина
аз 378
навбатӣ