Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шумо хурд бошед ҳам, калон бошед ҳам, сарвару сардори мо ҳастед. Ин масъаларо дар коргоҳи худамон ҳаллу фасл кардан имкон дошт, вале ин чизро ба арсаи олам баровардан чӣ маънӣ дорад, нафаҳмидам. Сонӣ, Нозим Тайиб коргари худамон. Сари мол рафта бузбозӣ карданаш аз ҳад берун буд. (Ин шикоят нест, ба маълумотатон. Медонед, ман талошу мубориза карда наметавонам.) Се бор айлохро оташ зад, базўр хомўш кардем. Ақаллан сари дастархони чўпонӣ нишаста як пиёла оби ҷўш нагирифт. Гўё ман хиёнаткор ва бо мо нишастани ў норавост. Шумо як андеша кунед, Боймурод. Ман ин корҳоро бо хоҳиши шумо кардаам.
Вагарна ҳамин азобҳо ба ман чӣ лозим буд?
— Рост... Айби ман ҳам ҳаст. Гумон кардам, ки равиши кор ба он сў шавад, сабуктар мегардад. Лекин ин муҳандисамон пўстинро чаппа пўшидааст. Ин рафтор танҳо ба муқобили шумо нест, бар зидди ман ҳам ҳаст. То мўй аз хамир ҷудо мегардад, ки хеле дўлоб мешавад.
— Сару неши ин корро гирифтан лозим. Ман медонам, ки як гуноҳ дорам. Бисту панҷ сар гўсфандро ба панҷсад сар расонидам.
Агар ҳамин гуноҳ бошад...
— Шумо пешакӣ худро азоб надиҳед. То табар омадан кунда осудааст, гуфтаанд.
— Дуруст мегўед. Аммо оҳанро дар гармиаш бояд кўфт.
Боймурод марди миёнақомати фарбеҳнамо. Сари кулўла ва мўйи фатила дорад. Гўшҳояш хурди андаке ба пеш майлдор. Чизи ориятиаш дандони тиллояш. Дар рўяш пайи нағзакон мондааст.
Хандонрў, дилкушод, одамдўст. Чунин муомилааш ба Абдуҳамид хуш омадааст. Аз ин рў ҷустуҷўи геологиро монда бо маслиҳати ў мудирии Хоҷагии ёрирасонро қабул кард. Ҳоло ки гўсола чаппа омадааст, дар чеҳраи сардор аз он нишонаҳои хубӣ чизе ҳувайдо нест, балки як пардаи норавшану ноаён ба рўяш чодар андохтааст. Айнан мисли ҳавои номатлуби Душанде, ки ғип мегирад, мардумро аз руху гармӣ, марҳамати бедареғ ва нури ҷонбахши хуршед маҳрум месозад; пасон дилбеморон рўйболо ёзида, даҳон кушода, ба ҳавои тозаи ҷонбахш зор мегарданд. Ҳоло суханони муҷмал ва муғамбиронаи Боймурод мудири Хоҷагӣ Абдуҳамидро чунин мерасад. Гарчӣ ў дилбемор нест, аз одигиву порсойӣ умед дорад, ки ҳеҷ гоҳ хор намедорандаш.
Абдуҳамид ҳам марди миёнсоли гўштдор, миёнақад, ягон узви ноҷо ё каҷу килеб надорад, балки ҳама андом ва пўсту устухонаш мутаносибан афзоиш ёфта. Фақат тоқиро дар тори сар каҷ мениҳад, ки гарм ё гаронӣ мекарда бошад. Ҳар қадар ором, осуда, хомўш ва камсухан бошад ҳам, ин шабу рўзҳо дилаш ё худаш кафам мегўяд. Чизҳои беҳуда, андешаҳои хому хаёл он қадар тазйиқ медиҳанд, ки дунёро як пули пучак ҳисоб намекунад: «Ин ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод...» Дар вазниниҳо ва тангомадҳо танҳо Рўдакии ҳамдиёрашро ёд мекунад, ки чӣ марди бузурге будааст, ки оламро ба ин хубӣ фаҳму дарк кардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо